Семинар – тренинг

Бинанда: 2010 | Санаи нашр: 15 Сентябр 2017

Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Точикистон
аз санаи 14-ум то санаи 16-уми сентябри
соли равон семинар – тренинг дар мавзȳи «Татбиқи низоми таҳсилоти фосилавӣ бо тавассути истифодаи технологияи инноватсионии муосир дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ»

 

Имрȳз дар соати 09-00 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон семинар – тренинг бо иштироки ҷонишини вазири маориф ва имли Ҷумҳуриии Тоҷикистон Одиназода Б.Н., ректори Донишгоҳи кооператсияи матлуботи шаҳри Новосибирски Федератсия Россия, Степанов В.В., ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон профессор Фақеров Ҳ.Н., ноиби ректорҳо ва роҳбарони қисми таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзȳи «Татбиқи низоми таҳсилоти фосилавӣ бо тавассути истифодаи технологияи инноватсионии муосир дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ» баргузор гардид.

Ректори Донигоҳи давлатии тиҷорти Тоҷикистон, профессор Фақеров Ҳ.Н. ҳамаи меҳмонон ва иштирокчиёни семинар – тренингро, ки мақсади он табодули таҷриба оид ба истифодаи технологияҳои муосири инноватсионӣ барои татбиқи усули фосиливии таълим дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, шодбош гуфт. Фақеров Ҳ.Н. зикр намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ якчанд маротиба заррурати татбиқи таҳсилоти фосилавӣ бо истифода аз технологияҳои муосирро дар раванди таҳсилоти макотиби олии ҷумҳурӣ қайд кард. Гузариш ба технологияи навъи таълим гирифтани донишҳои нав ва таҷрибаро талаб менамояд ва аз ин рȳ, дар алоқа бо ҳамин семинар – тренинг дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи кооператсияи матлуботи шаҳри Новосибирск созмон дода шуд.

Ҳамчунин, ҷаноби Фақеров Ҳ.Н. тазаккур дод, ки бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ДДТТ нахустин бор лоиҳа, ки дар чаҳорчȳбаи он донишҷȳён аз шумораи муҳоҷирони дар Федератсияи Россия коркунанда дар гурȳҳҳои таҳсилоти фосилавӣ таҳсил хоҳанд кард, рȳи кор оварда мешавад.

Сипас сухан ба ҷонишини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Одиназода Б.Н. дода шуд.

Одиназода Б.Н. меҳмонон ва иштирокчиёни семинар – тренингро шодбош гуфт ва қайд намуд, ки Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вақти баромади худ ба шарафи Рȳзи дониш ва ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ба роҳбарони вазорату макотиби олии кишвар супориш дод, ки то охири ҳамин сол ба шакли таҳсилоти фосилавӣ гузашта шавад.

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи санадҳои зарурии меъёрӣ – ҳуқуқиро, ки барои гузариш ба шакли нави таҳсилоти макотиби олӣ дахл доранд, тасдиқ намуд. Муҳлати таҳсил 4 солро ташкил медиҳад. Ҷаноби Одиназода Б.Н. муҳимияти ташкил намудани семинар – тренингҳоро дар ҳар як макотиби олии ҷумҳурӣ барои мутахассисони техникӣ, мудирони кафедраҳо ва шахсони бевосита бо низоми мазкур коркунанда барои бо сифати баланд анҷом додани гузариш ба шакли нави таҳсилотро зикр намуд. Бо шарофати таҳсилоти фосилавӣ, қайд намуд ҷонишини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷавонони Тоҷикистон, ки берун аз ҳудуди кишвар қарор доранд, имконият пайдо менамоянд, ки маълумоти олии касбӣ гиранд. Дар анҷоми баромади худ ба иштироккунандагон ва меҳмонони семинар – тренинг комёбиҳо орзу кард.

Пас аз он сухан ба ректори Донишгоҳи кооператсияи матлуботи шаҳри Новосибирск профессор Степанов Владимир Валентинович дода шуд. Ҷаноби Степанов В.В. вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Нуриддин Саидро барои дастгирии ҳаматарафа ва имконияти табодули таҷриба намудан оид ба татбиқи шакли фосилавии таҳсилот дар макотиби олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин, ректори ДДТТ профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддиновичро барои ҳамкориҳои якҷоя дар ин самт сипосгузорӣ намуд.

Ректори Донишгоҳи кооператсияи матлуботи шаҳри Новосибирск, профессор СтепаноВ.В. иштирокчиёнро бо барномаи семинар - тренинг шинос намуд ва тазаккур дод, ки дар анҷоми семинар – тренинг иштироккунандагон шаҳодатнома (сертификат) – и намунаи давлатии Федератсияи Россияро оид ба такмили тахассус мегиранд.

Инчунин қайд шуд, ки дар ҷаҳон 7 миллион нафар донишҷȳ аз рȳи ин технология таълим мегиранд ва дар Донишгоҳи кооператсияи матлуботи Сибир дар соли 2017 шумораи донишҷȳён се ҳазор нафарро ташкил дод.

Шакли фосилавии таҳсилот имрȳз ҳамчун шакли мубрам, мувофиқ ва дастрас барои ҳар як шахс мебошад. Аз ҳама кишвари муққадам дар азхуднамоии низоми мазкур Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад.

Суханронии профессор Степанов В.В. бо намоиш додани филм ба шарафи 60-солагии Донишгоҳи кооператсияи матлуботи Сибир ба поён расид.

Сипас Сардори шуъбаи таҳсилоти фосилавии Донишгоҳи кооператсияи матлуботи Сибир Дайнеко Е.А. бо муаррифӣ аз рȳи мавзȳи «Технологияи таҳсилоти фосилавии муосир ва таълими электронӣ» ва Директори Маркази технологияҳои информатсионӣ Лютс С.В. бо муаррифӣ аз рȳи мавзȳи «Барномаи техникии татбиқи таълими электронӣ ва истифодаи технологияи таҳсилоти фосилавӣ» баромад карданд.

Намояндагони Донишгоҳи кооператсияи матлуботи Сибир ба иштирокчиёни семинар – тренинг ба таври аёнӣ исифодаи барномаҳои компютерии таҳсилоти фосилавии донишгоҳи худро бо вонамуднамоии нақши «донишҷȳ» ва «устод» нишон доданд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи ДДТТ

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top