Мулоқоти судманд

Бинанда: 1919 | Санаи нашр: 04 Сентябр 2017

4-уми сентябри соли равон, дар соати 4:00 дар толори асосии донишгоҳ вохȳри судманди мудири шуъбаи назорати андозҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Туркистон, генерал –майор Халифаев М.Н. ва мутахассиси ҳамин шуъба бо устодону муҳассилин ва кормандони ДДТТ бахшида ба таҷлилу гиромидошти 26-умин солгарди Рȳзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукȳҳу шаҳомат ва хотирмон доир гардид.

 

Ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Фақеров Ҳ.Н. бо сухани оғоз бахшида, аз ҳузуруи меҳмонони гиромӣ дар ин ҳамоиш изҳори сипосу қадрдонӣ намуд ва суханро ба намояндаи масъули Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералӣ, генерал –майор Халифаев М.Н. вогузор кард.

Намояндаи масъули Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералӣ, генерал –майор Халифаев М.Н. оид ба ҷашни бузургу волои миллӣ, истиқлолияту давлатдории миллӣ, субъекти муносибатҳои байналмилалӣ шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваҳдати миллӣ, арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанг ва забони тоҷикӣ, худшиносию ҳувияти миллӣ, ки дар партави сиёсати муваффақу созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шудан доранд, ибрози андеша намуданд.

Ҳамчунин бо иқтибос овардан аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ зикр гардид, ки зиддияти байни абарқудратҳо, воридшавии фарҳангу маънавияти бегона, густриши терроризму ифротгароӣ аз ҷумлаи омилҳои хатарҷо ба Истиқлолияти миллию давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон шуморида мешаванд.

Бинобар ин, мо ва бавижа ҷавонони кишвар дар ин замони таҳавулотҳову тағйиротҳои бузург бояд дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам муттаҳиду зичтар гардем; ҳушёриву зиракии сиёсӣ, донишу ҷаҳонбинии худро баланд бардорем; дарку фаҳмиши равандҳои глобалии ҷаҳонро дошта бошем; ба воридшавии ҷавонон ба ҳизбу созмонҳо ва гурȳҳҳои тундрави террористиву ифротгароӣ роҳ надиҳем.

Дар анҷоми мулоқот ректори донишгоҳ доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Фақеров Ҳ.Н. ба намояндаи масъули Прокуратураи генералӣ, мудири шуъбаи назорати андозҳои ҳамин ниҳоди қудратӣ, генерал –майор муҳтарам Халифаев М.Н. ва мутахассиси шуъбаи мазкур барои чунин як суханронии пурмуҳтавою бомазмун изхори сипосу қадрдонӣ намуд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top