Табрикоти Ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Фақеров Ҳ.Н. ба шарафи таҷлили 26 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бинанда: 2172 | Санаи нашр: 11 Сентябр 2017

Ҳамкасбон, кормандон, аспирантон ва донишҷȳёни азиз!

Истиқлолият барои ҳар як шахси ватандȳст ва худшиносу худогоҳ азизу муққадас буда, соҳибихтиёрӣ ва эътирофи ин ё он кишварро дар арсаи байналмилалӣ муайян менамояд. Аз инҷост, ки ҳар як халқу миллат барои ба даст овардани он кȳшишу заҳматҳои зиёд ба харҷ медиҳад.

Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун дигар халқҳои собиқ Иттиҳоди Шȳравӣ ҳарчанд осон ба даст омада бошад ҳам, лек барои ҳифзу нигаҳдошти дастовардҳои он тоҷикону тоҷикистониёнро бо мушкилиҳои зиёд рȳ ба рȳ кард. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки аз хориҷи кишвар тарҳрезӣ шуда буд, мавҷудияти давлати ҷавони соҳибистиқлолиро зери хавфу хатари ҷиддӣ гузошт. Хушбахтона, халки бофарҳангу тамаддунсози тоҷик таҳти Сарварии ҷавонмарди оқилу доно, Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин имтиҳони сахти таърих бомуваффақият гузашта, мушкилиҳои сохтаро паси сар намуд. Ба ибораи дигар, Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути ҷаҳду талош ва донишу маҳорати баланди роҳбарӣ халқро аз парокандагӣ ва давлатро аз нестшавӣ наҷот дод. 

Истиқлолияти давлатӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бисту шаш сол муқаддам ба он соҳиб гардид, дар таърихи халқи тоҷик нодиртарин падидаи сиёсиву сарнавиштсоз мебошад.

Тȳли 26 соли истиқлолияти кишвар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон низ ба як қатор дастовардҳои беназир ноил гардид, ки ин ҳама ба шарофати сулҳу субот, оромию осоиштагӣ ва заҳмати шабонарȳзии шумо кормандону омȳзгорони арҷманд ба даст омадаанд. Аз ин рȳ, бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолӣ, сулҳу суботи кишвар ва бо умеди дастовардҳои боз ҳам назаррастари илмию тадқиқотӣ ва омȳзгорӣ, кулли ҷомеаи донишгоҳро бо 26-умин солгарди истиқлолияти ҷумҳурии азизамон – Тоҷикистони биҳиштосо табрику муборакбод гуфта, дар раванди таълиму донишандȳзӣ барору комёбиҳоро таманно дорам.

Ректори ДДТТ
д.и.и., профессор Фақеров Ҳ.Н.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top