Саҳми ДДТТ дар хуррамгардониву бунёдкории шаҳри Душанбе

Бинанда: 2247 | Санаи нашр: 02 Сентябр 2017

2-юми сентябри соли равон дар асоси қарори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва бо ташаббусу ибтикори ректори донишгоҳ Фақеров Ҳ.Н. аҳли раёсат, устодону донишҷȳёни ҳамаи факултетҳо ва кормандони ин муассисаи таълимӣ барои истиқболи шоиста аз ҷашни 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҳукумати Тоҷикистон ба ҳашари умумидонишгоҳӣ баромаданд. Саҳми таълимгоҳ, роҳраву майдончаҳо рубȳчин ва тозаю озода карда шуданд, гулу гулбуттаҳо аз алафҳои бегонаю зарпечакҳо тоза карда, боғчаю майдонҳо ба низому тартиб дароварда шуданд.

  

Сардорони факултетҳо ва ҷонишинҳои онҳо, устодону донишҷȳёни факултетҳои мазкур ба минтақаи ба онҳо вобаста шуда, дар берун аз ҳудуди донишгоҳ ба корҳои тозаю озодагардонӣ ва об додани сабзазорҳою ободкорӣ машғул гардидаанд, ки ин саҳми арзандаи онҳо барои ободонию хуррамгардонии шаҳри Душанбе мебошад.

Ин ҳашари умумидонишгоҳӣ, корҳои ободонию хуррамгардонӣ ва бунёдкориву созандагии аҳли раёсат, устодону донишҷȳён ва кормандони донишгоҳ армуғони муносибарзанда ба хотири истиқболи сазовор аз таҷлили 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top