Ҷашни рȳзи дониш фархунда бод!

Бинанда: 2067 | Санаи нашр: 01 Сентябр 2017

1-уми сентябри соли равон, соати 8:00 дар толори Донишгоҳ давлатии тиҷорати Тоҷикистон навори такрори видеоиро, ки дар он Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар санаи 30-юми асвгусти ҳамин сол дар бинои навбунёди Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рȳзи дониш ва дарси сулҳ суханронӣ намуд, бо иштироки аҳли раёсат, меҳмонон, устодону донишҷȳён намоиш доданд.

Сипас дар саҳни донишгоҳ, ки ба таври идона ороста шуда буд, бо иштироки устодону донишҷȳён, хонандагону кормандон ҳамоиши бошукȳҳ ба ифтихори таҷлили оғози соли нави таҳсил доир гардид.

Дар он ректори донишгоҳ доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович, муовини раиси Раёсати Тоҷикматлубот Сангаков Х.

ва устоди арҷманд, олими соҳаи иқтисод Сангинов Н.С. 

ҳозиринро бо муносибати оғози соли нави хониш табрику таҳният гуфтанд ва аз сиёсати созандаи маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба рушди илму маориф, тақвияти нерȳи инсонӣ ва инкишофи потенсиали зеҳнии он равона шудааст, ҷонибдорӣ намуданд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи ДДТТ

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top