Табрикоти ректори ДДТТ профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович!

Бинанда: 2796 | Санаи нашр: 31 Август 2017

Устодон, ҳамкорон, аспирантҳо ва донишҷȳёни муҳтарам!

Иҷозат диҳед Шуморо бо рȳзи дониш ва оғози соли нави таҳсил табрик намоям. Ҷашни якуми сентябр ҳамеша бо илму маърифат, рушди соҳаҳои нави дониш ва кашфиётҳои нави илмӣ алоқаманд аст. 

Дар донишгоҳ мо ба ҳар як донишҷȳ бо таваҷҷуҳи вижа муносибат мекунем ва дар ин ҷо ҳамаи шароити зарурӣ барои таълим ва рушди ҳамаҷонибаи шахсият, барои ташаккули салоҳиятнокӣ, ки ба талаботи муосири бозори меҳнат мувофиқат мекунад, ба вуҷуд оварда шудааст. 

Донишҷȳёни курси якумро табрик намуда, мехоҳам зикр намоям, ки онҳо аз имтиҳонҳои дохилшавӣ натиҷаҳои назаррас ба даст овардаанд ва боварӣ дорам, ки онҳо дар донишгоҳи мо бомуваффақият таҳсил менамоянд.

Боиси хушнудист, ки ҳангоми мавҷуд будани интихоби васеи ихтисосҳо, хатмкунандагон ба сифати аввалият бештар макатби олии тамоили иқтисодиро интихоб мекунанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки касби иқтисодчӣ дар кишвари мо маъмул, бообрȳ ва талабот ба он зиёд аст. 

Донишҷȳёни муҳтарам, ман боварӣ дорам, ки шумо ҳаргиз аз интихоби худ пушаймон намешавед. Орзу дорам, ки ҳаёти донишҷȳии шумо дар муҳити донишгоҳи мо дурахшон, эҷодкорона ва фаромȳшнашаванда хоҳад буд. 

Устодон ва ҳамкорони муҳтарам! Аз самими қалб шуморо бо ин ҷашн табрик менамоям ва барои фидоии касби худ будан, барои он донише, ки ба донишҷȳён ва аспирантон ба хотири рушди кишвари мо ба даст меоваред, ташаккур мегȳям.

Ба шумо тандурустӣ муваффақият ва хушрȳзгорӣ орзу менамоям. Бигзор соли нави таҳсили фарорасидаистода барои ҳар яки мо соли муваффақиятҳо, пирȳзиҳои касбӣ ва шахсӣ гардад!

 

Ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон
д.и., профессор Фақеров Ҳ.Н.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top