Вебинари “Россия – Тоҷикистон: технологияҳои шабакавӣ дар омодасозии кадрҳо. Таҷрибаи ҳамкориҳо ва дурнамоҳо”

Бинанда: 2241 | Санаи нашр: 09 Июн 2017

Равобити байналмилалии бисёрсолаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии кооператсияи матлуботи Сибир аз рȳи натиҷаи татбиқи амалии барномаҳои якҷояи таҳсилоти шабакавӣ баҳои баланд гирифтанд, ки он боиси баҳрабардорӣ аз таҷрибаи байниҳамдигарӣ дар форуми  2-юми донишҷуёни кишварҳои Созмони ҳамкориҳои Шанхай гардид ва форуми мазкур дар онлайн-платформаи  ду донишгоҳ,  6-уми июни соли 2017 баргузор мегардад. 

Иштирокчиёни вебинар дурнамои ҳамкориҳоро оид ба рушди технологияҳои шабакавии омȳзиш, ки ба баландбардории сифати омодасозии кадрҳо барои соҳаи хидматрасонӣ ва соҳибкорӣ, лоиҳаҳои ояндадори илмӣ-тадқиқотии донишҷȳӣ ва гузаштани таҷрибаомȳзӣ дар корхонаҳои пешбари ду давлат нигаронида шудааст, мавриди муҳокимаю баррасӣ қарор доданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top