Конференсияи панҷуми байналмилалии илмӣ - амалии “Тоҷикистон ва ҷаҳони имрȳза: проблемаҳои мубрами рушди иқтисоди инноватсионӣ” бахшида ба Соли ҷавонон ва 20-солагии Рȳзи ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бинанда: 2325 | Санаи нашр: 09 Июн 2017

2-юм ва 3-юми июни соли 2017 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикисто Конференсияи панҷуми байналмилалии илмӣ-амалии “Тоҷикистон ва ҷаҳони имрȳза: проблемаҳои мубрами рушди иқтисоди инноватсионӣ” бахшида ба Соли Ҷавонон ва 20-солагии Рȳзи ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

 Дар ҷаласаи пленарӣ ректори ДДТТ, д.и.и., профессор Фақеров Ҳ.Н. бо сухани табрикотӣ баромад намуда, муҳимияти конференсияи мазкурро дар муҳокимаю баррасии проблемаҳои мубрами рушди иқтисоди инноватсионӣ ва таҳсилоти олӣ таъкид кард. Дар муроҷиати видеоии худ ректори Донишгоҳи савдо ва иқтисоди кооператсияи матлуботи Беларус, д.и.и, профессор Лебедева С.Н. иштирокчиёнро бо кушодашавии конференсия табрик намуд, ҳамкориҳои бисёрсолаи дȳстона ва судманди байни ДДТТ ва ДСИБ – ро зикр кард ва,ҳамчунин, дар кори конференсия муваффақиятро хоҳон шуда, ба аҳли донишгоҳ тандурустию дастовардҳои барҷастаро дар фаъолияти илмию тадқиқотӣ таманно намуд.

 

Дар ҷаласаи пленарӣ суханронӣ намуданд: ректори Донишгоҳи давлатии кооператсияи матлуботи Сибир, д.и.и., профессор Степанов В.В. бо маърȳза дар мавзȳи “Кооператсияи кишоварзӣ ва дигар шаклҳои кооперативии ташкили меҳнат ҳамчун асоси рушди самарабахши ҳудудҳои кишоварзӣ”, Сангинов Н.С., н.и.и., дотсенти кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкории ДДТТ бо муаррифии маърȳзаи”Воридшавӣ ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ ҳоло нишони рақобатпазирӣ нест”, ноиби ректор оид ба илми Донишгоҳи кооператсияи матлуботи шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористон, н.и.и., дотсент  Валеева Ю.С. бо маърȳзаи “Беҳбудгардонии вақти кории ҳайати кормандони  маъмурӣ -идории шабакаҳои савдои чакана”, Хуморов Д. бо маъруза дар мавзȳи “Ризоияти миллӣ асоси ваҳдати миллат”.

 

Ҷаласаи пленарӣ бо муҳокимарониҳои иштирокчиёни конференсия ҳусни анҷом пазируфт. 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top