Мубодилаи устодон бо муассисаҳои олии Иттиҳоди Аврупо

Бинанда: 2246 | Санаи нашр: 04 Июн 2017

Мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Абдувалиев Мубин аз санаи 29 апрел то 8 майи соли 2017 дар доираи лоиҳаи Эразмус+КА1 «Мубодилаи устодон ва донишҷȳён» барои хондани лексия ва гузаронидани дарсҳои амалӣ барои донишҷȳёни курсҳои 3 ва 4-уми факултети иқтисодиёт ва менеҷменти Донишгоҳи Пизаи Италия аз фанни Макроиқтисод ва Иқтисодиёти ҷаҳон бо забони англисӣ дар ҳаҷми 16 соат бомувафаққият сафари кори анҷом дод.

Инчунин дар рафти сафар устод Абдувалиев Мубин бо дарсҳои илмӣ-амалии устодон ва профессорони донишгоҳи мазкур аз наздик шиносоӣ пайдо намуда оянда баҳри ҷиҳати якҷоя чоп намудани мақолаҳоӣ илмӣ ва даъвати устодон инчунин аз ҷониби Донишгоҳи Пизаи Италия хулосагирӣ намуданд.

Баъди анҷоми сафар раёсати Донишгоҳи Пизаи Италия ба устод Абдувалиев Мубин ҷиҳати фаъолона иштирок намуданаш  изҳори минатдорӣ намуда қайд намуданд, ки банда аввалин иштирокунандаи барномаи дар ҳайси лектор набалки аз муассисаҳои олииҶумҳурии Тоҷикистон ва балки аз муассиаҳои олии Осиёи Марказӣ дар доираи лоиҳаи мазкур маҳсуб меёбад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top