«Шоми ҷавонӣ» дар донишгоҳ

Бинанда: 2412 | Санаи нашр: 05 Июн 2017

Ҷиҳати иҷрои дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.04.2017, №24/10-14 ва мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2.05.2017 доир ба ташкил ва баргузор намудани чорабинии фарҳангӣ, варзишӣ таҳти унвони «Шоми истиқлол» бахшида ба «Соли ҷавонон» ва «20-солагии Ваҳдати миллӣ» санаи 02.06.2017 дар саҳни донишгоҳ чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони «Шоми ҷавонӣ» баргузор гардид.

 
Дар чорабинии мазкур меҳмонон аз Кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон, Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот, Раёсати маориф ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе, инчунин меҳмонон аз хориҷи кишвар, аз ҷумла ректори Донишгоҳи кооператсияи матлуботи Сибир, Степанов Владимир Валентинович ва ноиби ректор оид ба корҳои илмӣ-тадқиқотии Донишкадаи кооперативии Қазони Федератсияи Россия Валеева Юлия Сергеевна иштирок намуда аз намоиши дастовардҳои донишгоҳ ва литсейи он дидан намуданд.

 
Сипас қисми расмии чорабинӣ шурȳъ гардид, ки он бо сухани ифтитоҳии ректори донишгоҳ, д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович оғоз ёфт.
Ректори донишгоҳ меҳмонон ва дигар иштирокчиёни чорабиниро барои ташриф овардан ба донишгоҳ хайрамақдам гуфта, тамоми дастовардҳои кишвар, аз ҷумла донишгоҳро самараи сулҳу субот, истиқлолияти кишвар ва ҷаҳду талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маънидод кард ва ҷавононро ба дȳст доштани Ватан, ифтихори миллӣ, ташаббусҳои наҷиб ва бунёдкориву созандагӣ даъват намуд.

 
Баъдан як гурȳҳ ҷавонони фаъоли донишгоҳ, ки бахшида ба «Соли ҷавонон» дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва спартакиадаҳо ҷойҳои ифтихориро ишғол карда буданд, бо диплому ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Инчунин ба чанде аз донишҷȳёни шуъбаи ғоибона, ки донишгоҳро бомуваффақият хатм намуданд, дипломҳо супорида шуданд.

  

 

Шоми ҷавониро донишҷȳёни дастаи ҳунарии «Тоҷири аҷам» бо барномаи консертии дар сатҳи баланд омоданамудаи хеш, ки аз суруду таронаҳои дар васфи Ватан, сулҳ, ҷавонӣ иборат буданд, шукуҳи тоза бахшиданд.

Мудири шуъбаи кор бо ҷавонон, Ҳомидов А.Н.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top