Конференсия дар мавзȳи “Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон : Ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ”

Бинанда: 2262 | Санаи нашр: 23 Май 2017

17-ум ва 18-уми майи соли 2017 конференсияи амалӣ дар мавзȳи “Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон: Ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ”ба сифати чорабинии хотимавӣ аз силсилаи чунин конференсияҳо, ки дар 10 кишвари Осиёи Марказӣ ва Осиё дар чорчȳбаи лоиҳаи маблағгузоришавандаи Иттиҳоди Аврупо “Намоишгоҳҳои аврупоии таҳсилоти олӣ дар Осиёи Марказӣ ва Осиё” гузаронида шуданд, баргузор гардид.

Конференсия дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуда, 70 нафар иштироккунандаро аз Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо барои муҳокимаю баррасии як қатор масъалаҳо, ки ҳамкории байналмилалиро дар соҳаи таҳсилоти олӣ, байналмилаликунонии барномаҳои таҳсилотӣ ва гузариш ба  раванди  Болония дар бар мегирад, ба ҳам оварда буд.

Конференсияро   ба таври расмӣ Раҳматулло Мирбобоев, ҷонишини якуми  Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаноби Мачей Адам Мадалински, сардори Департаменти ҳамкориҳо, намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшиданд.

Дар рафти конференсия иштироккунандагон муаррифии донишгоҳҳои ҳамкорро оид ба фаъолияти якҷоя аз  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар чорчȳбаи барномаҳои “Эрасмус +” – и Иттиҳоди Аврупо маблағгузоришаванда, шунида тавонистанд. Иштироккунандагон, ҳамчунин, имконият доштанд, ки дар муҳокимаю  баррасии амалии равишҳои пешқадамона ҷихати коркарди ҳамкориҳои байналмилалии самаранок ва омода намудани таклифҳо оид ба маблағгузорӣ иштирок намоянд ва ҳамчунин, иттиҳотро оид ба имкониятҳои ҷорию ояндаи маблағгузории Иттиҳоди Аврупо гиранд.

Дар рȳзи дуюми конференсия барнома бо конференсияи минтақавӣ оид ба таъминоти сифат дар секторҳои таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва таҳсилоти олӣ, ки аз тарафи лоиҳаи “Платформаи таҳсилоти Осиёи Марказӣ” ташкил карда шудааст, муттаҳид гардиданд. Ин чорабинӣ ба таври расмӣ бо суханрониҳои Бозоралӣ Одиназода, ҷонишини   Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмин Сангинзода, ҷонишини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Ҳидайет Бишчевич, сардори намояндагӣ сафир, намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Петр Иванкевич, сафири Ҷумҳурии Лаҳистон дар  Ҷумҳурии Ȳзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид ва коршиносонро аз ҳамаи минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин, намояндагиҳои Аврупо ба ҳам овард.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top