Мусобиқаҳои шаҳрӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шаҳри Душанбе

Бинанда: 2090 | Санаи нашр: 15 Май 2017

Тибқи мактуби Раёсати ҷавонон варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе аз 27.04 то 5.05.2017с. мусобиқаҳои шаҳрӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шаҳри Душанбе аз рӯи 6 намуди варзиш шуда гузашт. Дар ин мусобиқаҳо зиёда аз 45 нафар донишҷӯёни донишгоҳ фаъолона иштирок намуданд ва донишҷӯёни зерин сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

  1. Наимов Барот – донишҷӯи курси 2-юми  ихтисоси 960201а, сазовори  ҷои I аз намуди гуштини дзюдо;
  2. Каримзод Наврӯз – донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси 960101б, сазовори ҷои II,  аз намуди гуштини дзюдо;
  3. Назриев Шарифҷон – донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси 960101б, сазовори ҷои II,  аз намуди гуштини дзюдо;
  4. Саидҷони Ҳайдар – донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси 260202, сазовори ҷои II,  аз намуди гуштини миллӣ;
  5. Шокиров Некруз – донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси 260202, сазовори ҷои II,  аз намуди гуштини миллӣ;
  6. Одинабеков Фарҳод – донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси 25010801, сазовори ҷои III,  аз намуди гуштини миллӣ;
  7. Саъдуллоев Айниддин – донишҷи курси 1-уми ихтисоси 260201, сазовори ҷои II,  аз намуди гуштини тарзи озод.

 

Инчунин донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси 260201, Саъдуллоев Айниддин  дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштини тарзи озод байни ҷавонони солҳои таваллудашон 1997-2000 бахшида ба эълон гардидани  соли 2017 «Соли ҷавонон»  сазовори ҷои дуюм гардид.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top