Омȳзгорон ва кормандони донишгоҳ соҳиби сертификат гардиданд

Бинанда: 2266 | Санаи нашр: 02 Май 2017

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Маркази бозомȳзӣ, такмили ихтисос, таҷрибаомȳзӣ ва карйера аз таърихи 09.03.2017 то 28.03.2017 ва аз таърихи 13.04.2017 то 26.04.2017 дар назди Маркази технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии донишгоҳ тибқи ҷадвали тасдиқшуда бо  қисми таълим,  курсҳои кȳтоҳмуддати «Омȳзиши тахтаи электронӣ» гузаронида шуданд.

Баъди бомуваффақият супоридани имтиҳоноти ҷамъбастӣ, дар таърихи 01.05.2017, соати 1400 дар мизи мудаввари ошёнаи дуюми бинои асосии донишгоҳ бо иштироки муовини ректор оид ба таълим ва тарбия, н.и.ф.,дотсент Акрамов Ф.М., муовини ректори оид ба инноватсия, н.и.и.,дотсент Толибов Қ.Қ., сардори Маркази ТИК  Ниёзов И. ва сардори Маркази бозомȳзӣ, такмили ихтисос, таҷрибаомȳзӣ ва карйера, н.и.и., дотсент Ҷамшедов М. маросими супоридани сертификатҳо баргузор гардида. 48-нафар омȳзгорон ва кормандони донишгоҳ соҳиби сертификат гардиданд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top