Вохȳрии судманд

Бинанда: 2052 | Санаи нашр: 02 Май 2017

    Ҷиҳати иҷрои мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Точикистон аз 24.04.2017, №05/508 ва ҷадвали тасдиқнамудаи Сардори раёсати  Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз 20.04.2017 оид ба гузаронидани вохȳриҳо бо донишҷȳён ва омȳзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ш.Душанбе санаи 25.04.2017 дар маҷлисгоҳи донишгоҳ вохȳрии судманд бо кормандони раёсати Вазорати корҳои дохили дар шаҳри Душанбе бо устодон ва донишҷȳёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон  дар мавзȳи «Пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноят дар байни ҷавонон ва донишҷȳён, шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ-террористӣ ва ифротгароӣ, таъмини иҷрои  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

     Вохȳриромуовини ректор оид ба таълиму тарбия Акрамов Ф.М. ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба ин даргоҳи илму маърифат хайрамақдам намуд. Зимни суханрониаашон қайд намуданд, ки имрȳз ҳизбу ҳаракатҳои ифротгарову тундрав бо ҳар роҳу восита ҷавононро ба доми худ мекашанд. Мутаассифона, баъзе ҷавонони кишвар бинобар паст будани дониши сиёсию ҳуқуқиаашон ба гуфтаҳои онҳо бовар мекунанд. Сипас сардори эксперти РВКД дар ш.Душанбе -Меликов Диловаршох,  муовини сардори шȳъбаи ВКД- 1 дар н.Фирдавсӣ  подполковники милится -Рахимов Табархон Мирзобобоевич,  сардори ХНХНУ н.ШВКД 1 дар н.Фирдавсӣ-Назаров Ҷамшед Саидакбарович ва сардори хадамоти гурȳҳи Авангарди ВКД- Хушвахтов Аслам Аскарович дар бораи ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноят дар байни ҷавонон ва донишҷȳён,  суханронӣ намуданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top