Дарси кушоди тарбиявӣ дар мавзȳи «Парчамат бодо парафшон Тоҷикистони азиз!»

Бинанда: 3704 | Санаи нашр: 30 Ноябр 2016

Бо ташаббуси муаллими калони кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон Азизова Н.А.дар санаи 24.11.2016 бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарси кушоди тарбиявӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.  Дар он 53 нафар донишҷӯёни факултет ва устодон ширкат варзиданд. Аз ҷониби донишҷӯён Аскаров Зафарҷон, Ёрова Оминаой Алиевна, Муродқулова Моҳофарид Фаруховна ва Зарипова Кимёхон Қобиловна маърӯза ва қироати шеърҳо дар васфи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуданд.

Дар охири ин дарси кушоди тарбиявӣ-фарҳангӣ аз тарафи мудири кафедраи иқтисодиётӣ ҷаҳон дотсент Қурбонов Б.Т. ҷамъбаст карда шуда, ба донишљўёне ки фаъолона ширкат варзиданд тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top