Варзиш – кафолати ҳаёти солим

Бинанда: 2939 | Санаи нашр: 04 Ноябр 2015

Ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе бо мақсади густариши бештари соҳаи варзиш ва таблиғи доимии тарзи ҳаёти солим дар хобгоҳи  донишҷӯёни донишгоҳ машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешавад, ки ин барои обутоб ёфтани бадан ва беҳтар шудани саломатии донишҷӯён хеле манфиатовар аст. Аз ҷумла сӯбҳи 31.10.2015  дар назди биноҳои  хобгоҳи зикршуда машқҳои пагоҳирӯзӣ баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 100 нафар донишҷӯёни донишгоҳ  бо роҳбарии устоди  кафедраи тарбияи ҷисмонӣ Раҳимов Маъруф машғул шуданд. Ин ин иқдоми нек аз ҷонибаи донишҷӯён хуб пазируфта шуда,  дар оянда низ мавриди истифода қарор хоҳад гардид.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top