Озмуни «Симои оянда»

Бинанда: 2253 | Санаи нашр: 11 Декабр 2017

Санаи 9-уми декабри соли ҷорӣ дар доираи Соли ҷавонон дар ДДТТ озмуни донишгоҳӣ таҳти унвони «Симои оянда» баргузор гардид, ки дар он намояндагони ҳамаи факултетҳои донишгоҳ, яъне ғолибони даври аввали озмуни зикргардида фаъолона иштирок намуданд.

Боят гуфт, ки бо мақсади дар сатҳи баланд ва шаффоф гузаронидани озмун Раёсати донишгоҳ ҳайати ҳакамонро аз ҳисоби мутахассисони варзидаи беруна пурра намуд. Яъне дар баробари ҳафт нафар аъзои хакамони донишгоҳ, сармутахассиси Шуъбаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ноҳияи Фирдавсӣ Малоҳат Девонаева ва сардори шуъбаи ҳуқуқи  Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаргул Бухориева низ даъват шуда буданд.

Озмун бо сухани ифтитоҳии ректори донишгоҳ (Раиси комиссияи озмун), Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович оғоз ёфт. Сипас духтарон: Сайёҳат Самадова, Манижа Ҳабибова (аз факултаи молия ва фаъолияти бонкӣ), Халифабӣ Мирзоева, Муаттара Табарова, Меҳрангез Шарифова (аз факултети иқтисодиёт ва менеҷмент), Шаҳринисо Шарифова, Севинч Абдуллоева, Нȳшофарин Раҳимова (аз факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ), Мȳниса Эмомова ва Нодира Ғафурова (аз факултети тиҷорат ва гумрук) дар асоси шартҳои озмун донишу маҳорат ва ҳунару истеъдоди худро аз ҷиҳати савияи дониши ҳуқуқӣ, тарзи бастани галстук, дарзмол кардани куртаи мардона, ҳунари кадбонугӣ, омода кардани хȳриш ва ороиши мȳйи сар нишон дода, сазовори таҳсину офаринҳо гардиданд.

Озмуни «Симои оянда» нишон дод, ки донишҷȳдухтарони донишгоҳ дар баробари таҳсили хубу аъло, инчунин ҳунару маҳорати ҳуби кадбонугӣ дошта, мушкилоти зиндагии ояндаро метавонанд мустақилона ҳаллу фасл карда, дар ҷиҳати сарфаю сариштакорӣ ва ғанӣ гардонидани буҷаи оилаи худ саҳмгузор бошанд.

Ҳакамони озмун ба донишу маҳорат ва ҳунару истеъдоди волои хамаи иштирокчиён баҳои воқеӣ дода, ғолибонро ба таври зайл муайян намуданд:

Ҷойи якум – Шарифова Меҳрангез донишҷȳи бахши 3-юми ихтисоси 250107р;

ҷойи дуюм – Самадова Сайёҳат донишҷȳи бахши 2-юми ихтисоси 250104 гурȳҳи англисӣ ва Абдуллоева Севинч донишҷȳи бахши 2 – юми ихтисоси 250103;

ҷойи сеюм – Ғафурова Нодира донишҷȳи бахши 1- уми ихтисоси 960101 ва Раҳимова Нȳшофарин донишҷȳи бахши 2 – юми ихтисоси 250103.

шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top