Ҳимояи рисолаи номзадӣ табрик!

Бинанда: 83 | Санаи нашр: 29 Июн 2024

Санаи 29.06.2024 муаллими калони кафедраи фаъолияти гумрукии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Ғаюрова Раъно Саидмуродовна дар ҷаласаи Шурои диссертатсионии 6D.КОА-012 назди ДДТТ рисолаи номзадиашонро дар мавзуи “Мукаммалгардонии истифодаи низомҳои гумрукӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳти роҳбарии н.и.и., и.в. дотсент Раҷабова Нурҳаёт Раҷабовна аз рӯйи ихтисоси 08.00.05 – Илмҳои иқтисодӣ (08.00.05.03 – Хизматрасониҳои нақлиётӣ ва гумрукӣ) бомуваффақият ҳимоя намуда, сазовори дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ гардид.

Раёсат, аҳли омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ Ғаюрова Раъно Саидмуродовнаро барои бомуваффақият ҳимоя намудани рисолаи номзадӣ табрику муборакбод намуда, барояшон саломатӣ, хушбахтӣ ва дар фатҳи қуллаҳои нав ва корҳои минбаъдаи илмиву эҷодӣ комёбӣ таманно менамояд!

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top