ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – РАМЗИ ПИРӮЗӢ ВА УСТУВОРИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Бинанда: 215 | Санаи нашр: 26 Июн 2024

Санаи 26-уми июни соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ мизи мудаввар дар мавзӯи “Ваҳдати миллӣ – рамзи пирӯзӣ ва устувории истиқлолияти давлатӣ” бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ Шоҳиён Абдураҳим Маҳмадулло ва омӯзгорону кормандони донишгоҳ баргузор гардид.

Ҷамъомадро ректори донишгоҳ Назарзода Хайрулло Холназар ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо ин ҷашни миллӣ табрику таҳният гуфта, дар бораи аҳамияти таърихӣ ва арзиши баланди ваҳдати миллӣ барои тоҷикону тоҷикистониён суханронӣ намуд.

Аз ҷумла, ректори донишгоҳ қайд намуд, ки дар рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон гурӯҳҳои алоҳидаи ҷомеаи кишвар таҳти таъсири андешаҳои тундгароёнаи тираву неруҳои бадхоҳи хориҷӣ қарор гирифта, Ватани азизамон ба гирдоби низоъҳои дохилӣ ва баъдан, мухолифати мусаллаҳона кашида шуд, ки дар натиҷа ҳатто хатари пароканда шудани миллати тоҷик ва аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ба вуҷуд омада буд.

Хушбахтона, халқи тоҷик бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки ба орзуи деринаи мардумамон, яъне сулҳу субот дар Ватанамон ноил гардад ва бо азми қавӣ барои эъмори давлате сайъу талош намояд, ки дар он эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон дар мадди аввал қарор дошта бошад.

Ваҳдати миллӣ воқеан ҳам, дастоварди бузургтарин ва таърихии тоҷикон мебошад, ки он маҳз дар натиҷаи ҷаҳду толошҳои шабонарӯзии Президенти маҳбуби кишвар, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамбастагии мардуми кишвар ва азму талоши фарзандони содиқи халқамон муяссар гардидааст.

Сипас, Абдураҳим Шоҳиён маърӯза намуда, иброз дошт, ки  Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуда, барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.

Сулҳу ваҳдат чун омили сарнавиштсоз, пойдевори ҳастии миллат ва арзишҳои муқаддаси миллӣ ҷовидона боқӣ хоҳад монд ва миллати тамаддунсози тоҷик фарҳанги сулҳҷӯиву сулҳофариро ба наслҳои оянда ҳамчун сарфарозӣ ба мерос хоҳад гузошт.

Дар фарҷоми мизи мудаввар ректори донишгоҳ ба иштирокчиёни чорабинӣ изҳори миннатдорӣ намуда, омӯзгорон ва кормандони фаъолро бо сипосномаҳо қадрдонӣ намуданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top