ТАБРИКОТИ РАЁСАТИ ДДТТ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Бинанда: 229 | Санаи нашр: 26 Июн 2024

ОМӮЗГОРОН, КОРМАНДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ГИРОМӢ!

Ҳамаи шуморо ба муносибати 27-умин солгарди ваҳдати миллӣ, ки воқеан ҳам барои мардуми шарифи Тоҷикистон дастоварди муқаддасу нодир ба ҳисоб меравад, самимона табрику муборакбод мегӯем.

Мо ҳамагон хуб медонем, ки 27 сол қабл, яъне 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расида, раванди ба ҳам омадани ҷонибҳо ва сулҳи деринтизори тоҷиконро ба миён овард. Маврид ба зикр аст, ки сулҳи тоҷикон ба осонӣ ба даст наомад. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки аз соли 1992 то 1997 идома ёфт, боиси талафоти зиёди ҷонию молӣ гашт. Бино ба иттилооти расмӣ, дар ин фоҷеаҳои зиддиятбор 150 ҳазор одам нобуд шудаанд, зиёда аз як миллион нафар ҷилои Ватан карданд, 25 ҳазор зани тоҷик аз шавҳари худ маҳрум монданд. Хисороти ҷанги шаҳрвандӣ беш аз 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод.

Тавре ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: “Халқи тоҷик сулҳу ҳамдигарфаҳмиро ба ивази азияту заҳмати сахту сангин ва муҳимтар аз ҳама, бо баҳои ҷони даҳҳо ҳазор қурбониёни ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба даст овард ва имрӯз шукргузор аст, ки дар фазои неъмати бузурги суботи сиёсӣ ва оромии ҷомеа кору зиндагӣ дорад. Бинобар ин, мо вазифадор ҳастем, ки ба хотири тарбияи насли наврас ва ҷавонони имрӯза дар рӯҳияи ватандӯстиву сулҳхоҳӣ ва ободкориву созандагӣ, инчунин барои наслҳои ояндаи халқамон ба мерос гузоштани ин дастоварди муқаддасу нодир фарҳанги сулҳро ҳамчун ҷузъи доимии фарҳанги зиндагии мардум густариш бахшем”.

Ҳамкасбон ва донишҷӯёни азиз! Тамоми пешрафту тараққиёт, ободиву шукуфоие, ки имрӯз дар саросари кишвари азизамон ба назар мерасад, самараи оромиву осудагӣ, дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ мебошанд.

Дастовардҳои назарраси илмию таҳқиқотӣ ва фарҳангиву варзишии Шумо олимону омӯзгорон ва донишҷӯёни гиромиқадр низ, ки хеле зиёданд, маҳз ба шарофати ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи кишвари маҳбубамон муяссар гардидаанд. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки минбаъд низ бо ҷаҳду талош, иқдому ташаббусҳои созанда ва ватандӯстиву ватанпарастӣ дар рушду нумуи кишвар ва мустаҳкам гардонидани ваҳдати миллӣ, ки аз ҷиҳати аҳамият ба мафҳуми истиқлолият дар як радиф меистад, саҳми арзишманд гузошта, Ватани маҳбубамонро боз ҳам пешрафта ва ободу зебо гардонем.

Бо дарназардошти он, ки сулҳ барои кишвари мо-Тоҷикистони соҳибистиқлол хеле гарон ва бо роҳи мушкилу тӯлонӣ ба даст омад, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон таъкид намуданд, ки ваҳдати миллӣ бояд аз ҳама гуна ихтилофи назар, гуногунандешии сиёсӣ, манфиатҳои ҳизбӣ, гурӯҳӣ ва ғайра болотар ва дахлнопазир бошад, аҳли ҷомеаро муттаҳид, якдил, эҳтиром ва як порча созад.

Бо боварӣ метавон гуфт, ки шумо омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиљорати Тоҷикистон ин ва дигар дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллатро асоси кору фаъолияти хеш қарор дода, дар баробари тайёр намудани мутахассисони баландихтисос дар таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ободиву шукуфоии Ватани маҳбубамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми боз њам бештар мегузоред.

Бигузор, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ, сулҳу суботи поянда, ормонҳои волои истиқлолият ва ҳадафҳои наҷиби бунёдкориву созандагӣ ҳидоятгари пиру барнои Тоҷикистони азизамон бошад!

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top