ДУ ҲИМОЯ ДАР ЯК РӮЗ

Бинанда: 395 | Санаи нашр: 18 Июн 2024

Афзудани ҳимояи рисолаҳои номзадӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (ДДТТ) барои тақвияти иқтидори илмии донишгоҳ заминагузорӣ мекунад. Ин раванд ба болоравии сифати таълим ва омодасозии кадрҳои ҷавобгӯи талаботи замон мусоидат мекунад. Тавассути рушди фаъолияти илмӣ ва баланд бардоштани сатҳи таҳқиқот, донишгоҳ метавонад ба талаботи муосири илмӣ ва технологӣ мувофиқат кунад, ки ин ба рушди умумии соҳаҳа маориф мусоидат менамояд.

Ин навбат, санаи  15 июни соли 2024 унвонҷӯи кафедраи забонҳо Алиев Султон Маҳмадшарифович дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-020-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рисолаи номзадиашро дар мавзуи “В.А. Жуковский ва адабиёти форсии тоҷикӣ: шинохт, баррасӣ ва нақд” зери роҳбарии Юсуфов Умриддин Абдукофиевич – доктори илмҳои филологӣ, мудири шуъбаи таърихи адабиёти Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси 10.01.03 – Адабиёти кишварҳои хориҷии Аврупо, Осиё, Африқо, сокинони бумии Амрико ва Австралия (адабиёти форсӣ) ҳимоя намуд.

Ҳамзамон, санаи 15 июни соли 2024 унвонҷӯи кафедраи фанҳои гуманитарӣ Бобохоҷаева Гулҷаҳон Додарҷоновна дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-005 назди Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рисолаи номзадиашро дар мавзуи “Муҳоҷирати меҳнатии занон дар Тоҷикистон: тамоюлҳо, натиҷаҳо ва муносибат оид ба батанзимоварӣ” зери роҳбарии Улмасов Раҳмон Улмасович - доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи минтақашиносии хориҷӣ ва сиёсати берунии Донишгоҳи (Славянии) Россия ва Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси 22.00.03 – Сотсиологияи иқтисодӣ ва демография (илмҳои сотсиологӣ) ҳимоя намуд.

Раёсат ва аҳли коллективи донишгоҳ бо ин ин дастовард Алиев Султон Маҳмадшарифович ва Бобохоҷаева Гулҷаҳон Додарҷоновнаро барои бомуваффақият ҳимоя намудани рисолаи номзадӣ табрику муборакбод намуда, саломатӣ, хушбахтӣ ва дар фатҳи қуллаҳои нав ба нав, корҳои минбаъдаи илмиву эҷодӣ барояшон комёбӣ таманно менамоянд!

 

Раёсати илм ва инноватсия!

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top