ТАТБИҚИ АМАЛИИ ИҚТИСОДИ САБЗ

Бинанда: 508 | Санаи нашр: 12 Июн 2024

Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба хусус, ҷиҳати ташаккул ва рушди иқтисоди сабз корҳои назаррас роҳандозӣ шуда истодааст.

Бо дарназардошти иқлими мусоиди Тоҷикистон, ки дар як сол 280-330 рӯзи офтобӣ дорад, имконияти истифодаи энергияи офтобӣ ҳамчун энергияи барқароршаванда хеле мусоид ва манфиатбахш мебошад. Ба ибораи дигар, имкониятҳои Тоҷикистони офтобрӯя нисбат ба кишварҳои пешрафтаи васеъ истифодабарандаи энергияи офтобии Аврупо ду маротиба зиёд мебошад. Маҳз ҳамин ҷиҳатро ба инобат гирифта, дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ду неругоҳи барқии офтобӣ бо иқтидори умумии 19 кВт сохта ба истифода дода шуд.

Неругоҳҳо дар маҷмуъ аз 35 панели монокристалии офтобӣ бо тавоноии ҳар кадом 560 Вт иборат буда, иқтидори дар давоми як шабонарӯз истеҳсол намудани беш аз 220 кВт/соат неруи барқро дорад. Дар навбати аввал неруи барқи тавлидшуда барои равшану фурӯзонгардонии саҳни донишгоҳ, роҳравҳо ва гирду атрофи биноҳои таълимӣ истифода карда мешавад.

Маврид ба зикр аст, ки неругоҳҳои мазкур дар доираи ҳамкориҳои ДДТТ бо ширкати ватании Тоҷикгидроэлектромонтаж (ТГЭМ), ки яке аз ширкатҳои пешқадам дар самти энергетика ва сохтмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, инчунин Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон (UNDP) сохта ба истифода дода шуд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top