ИШТИРОКИ ОМӮЗГОРОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДДТТ ДАР ЧОРАБИНӢ ТАҲТИ УНВОНИ "ШАРОРАИ ҶАВОНӢ

Бинанда: 867 | Санаи нашр: 24 Май 2024

Рӯзи 23 –юми майи соли 2024 бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барномаи консертии идона таҳти унвони “Шарораи ҷавонӣ” бо иштироки беш аз 10000 нафар ҷавонони пойтахт бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол доир гардид, ки дар ин чорабинӣ омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати фаъолона ширкат варзиданд.

Дар қисмати ифтитоҳии чорабинӣ Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад - раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Одилзода Дилбар - муовини раиси шаҳри Душанбе ҳамаи иштирокчиёни чорабиниро бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол сидқан шодбош намуданд.

Ҳамзамон, аз ташаббуси байналмилалии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ вобаста ба эълон гардидани 25 - май Рӯзи ҷаҳонии футбол ёдовар гардида, ин дастоварди бузургу таърихиро ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top