КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ – АМАЛӢ ДАР МАВЗӮИ «РУШДИ ТАЪЛИМИ СОҲИБКОРӢ БАРОИ ҶАВОНОН»

Бинанда: 832 | Санаи нашр: 24 Май 2024

Санаи 23.05.2024 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии Тюмен ва Мактаби байналмилалии соҳибкорӣ бо роҳбарии Эдуард Омаров конференсияи байналмилалии илмӣ – амалӣ дар мавзӯи «Рушди таълими соҳибкорӣ барои ҷавонон» баргузор гардид.

Дар кори конференсия устодон, муҳаққиқон ва соҳибкорони варзида аз кишварҳои Россия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Ӯзбекистон ва Чин тариқи онлайн иштирок намуданд.

Намояндагони донишгоҳҳо ва мутахассисони соҳа аз кишварҳои гуногун доир ба методика ва мундариҷаи таълими соҳибкорӣ аз таҷрибаи худ суханронӣ намуданд.

Дар чорабинии илмии мазкур дотсенти кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкории Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Исматуллоев И.У. дар мавзӯи “Рушди таълими фанҳои равияи соҳибкорӣ” маърӯза намуд.

Конфренсияи мазкур дар сатҳи баланд доир гардида, дар он як зумра пешниҳод ва тавсияҳо дар мавриди рушди таълими фаъолияти соҳибкорӣ дар муассисаҳои таълимии гуногун шунида ва муҳокима шуданд. Қарор дода шуд, ки дар охири моҳи августи соли ҷорӣ форуми навбатии омӯзгорони равияи соҳибкорӣ доир хоҳад шуд.

Боиси тазаккур ва хеле рамзӣ аст, ки доир шудани чунин як чорабинӣ бахшида ба фаъолияти соҳибкории ҷавонон ба рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон - 23 – юми май мувофиқ омад. Ташкили чунин чорабиниҳо ва иштироки устодони ДДТТ дар онҳо имконият медиҳад, ки ҳамкориҳои байналмилалӣ густариш ёфта, барои тарбия ва таълими ҷавонон дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат менамояд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top