Конференсияи байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи “Масъалаҳои актуалии таълими забонҳои русӣ ва англисӣ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон”

Бинанда: 762 | Санаи нашр: 20 Май 2024

«Забон оинаест, ки дар он симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад ва мо бояд ба қадри ин нишонаи ҳастии миллатамон расем ва дар баробари ин, ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ эътибори ҷиддӣ диҳем. Мо омӯзиш ва аз худ кардани забонҳоро на барои худнамоӣ, балки бо мақсади маърифатнок гардидани ҷомеа густариш медиҳем».

Эмомали Раҳмон

Муҳимтарин бахше, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 23-юми декабри соли 2022 ироа гардид, яке аз масъалаҳои асосӣ ин инкишофи соҳаи маориф ва илми кишвар мебошад. Албатта, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, алалхусус, соҳаи илму маориф ҳамеша дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

«Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2019, № 438 қабул гардидааст, заминаи ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии такмили омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таълимӣ мебошад, ки мақсаду вазифа ва самтҳои татбиқи онро дар раванди таълиму тарбия, кафолати давлатӣ ба таълимгирандагон ва кормандони муассисаҳои таълимӣ, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, илмӣ, таъминоти кадрӣ, моддӣ-техникӣ ва молиявии Барномаро дар ҳамкориҳои байналмилалӣ фаро мегирад. Вазъи имрӯзаи муносибат ба забон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзиши забони англисӣ дар низоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва олӣ шароити мусоид фароҳам овардааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мекунанд, ки муносибати сиёсӣ ба забон, дар баробари забони тоҷикӣ ба дигар забонҳо низ ҳуқуқи фаъолияти баробарӣ фароҳам меорад ва имкон медиҳад, ки онҳо низ омӯхта шаванд.

Дар ин замина, таъкид карда шуд, ки “... мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф, баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад.
Пешвои муаззами миллат хосатан таъкид намуданд, ки “...фаромӯш набояд кард, ки пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад. Зеро бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва касодии давлат мегардад”.

Мусаллам аст, ки маҳз тавассути рушди илм, маориф ва фарҳанг кишварҳо метавонанд дар муқобили ҳама гуна зуҳуротҳои номатлуби ҷомеа истодагарӣ намоянд.

«Тоҷикистон ҳамкориҳои худро бо шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар сохторҳои бисёрҷониба ҳамчун узви фаъол идома хоҳад дод» иброз доштанд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам - Эмомалӣ Раҳмон дар рушди забони давлатӣ саҳми арзанда гузошта, ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла, англисӣ ва русӣ таваҷҷӯҳи хоса доранд. Маҳз, дар ин замина, забономӯзӣ аз ҷониби қишрҳои гуногуни ҷомеа ба марҳилаи сифатан нав ворид гардид. Ин омил наврасону ҷавононро ангеза дод, то ба ғайр аз балад будану омӯхтани забони модарӣ, боз чанд забони ҷаҳонӣ, махсусан русию англисиро аз худ намоянд.

Пешвои миллат борҳо таъкид карданд, ки «дар шароити муосир ноил гардидан ба дастовардҳои илму техника, технологияҳои нав ва баробар бо ҷомеаи пешрафтаи башар қадам гузоштан бидуни аз худ кардану хуб донистани забонҳои хориҷӣ бисёр мушкил ва ҳатто ғайриимкон мебошад».

Зарурат ва аҳамияти донистани якчанд забон ҷавононро водор сохтааст, ки барои рушди шахсият ва огоҳӣ аз иттилоот ҳатман ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ машғул бошанд.

Тибқи пешбинии Роҳбари давлат, замоне мерасад, ки ҳангоми интихоб кардан ва ба вазифа таъйин намудани кадрҳо, яъне аъзои Ҳукумат, роҳбарону кормандони сохтору мақомоти назди Президент, Ҳукумати мамлакат ва вакилони мардумӣ, хулоса, ҳамаи хизматчиёни давлатӣ, донистани забонҳои хориҷӣ аз ҷумлаи талаботи асосӣ мегардад.

Пешвои миллат фармуданд, ки «омӯхтани забонҳои хориҷӣ бояд дар заминаи забони адабии тоҷикӣ, яъне бар асоси донистани меъёрҳои забони давлатӣ ва риояи хусусиятҳои он сурат гирад». Маҳз, чунин шеваи омӯзиш барои дар арсаи байналмилалӣ мақоми шоиста пайдо намудан ва ба роҳ мондани робитаҳои гуногунҷанба мусоидат хоҳад намуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як баромаду мулоқот бо аҳли маориф ба масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ таваҷҷӯҳи меҳвариро зоҳир намуда, таъкид бар он менамоянд, ки бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамгом бошем, зеро замони муосир онро тақозо менамояд. Пешвои миллат ҷавононро муваззаф намуданд, ки забондон ва ҳамқадами замона бошанд. Ин нуктаро борҳо ба омӯзгорон таъкид намудаанд: «Ҳоло дар ҷомеаи мо насли нави соҳибистеъдод, илму донишдӯст ва фарҳангпарвару забондон ба камол расида истодааст ва мо онҳоро аз ҳар ҷиҳат бояд дастгирӣ намоем».

Воқеан, сайъу талошҳои Пешвои миллат буд, ки Тоҷикистон бо зиёда аз 150 давлати дунё ҳамкориҳои судманди хешро дар соҳаҳои мухталифи ҷомеа ба роҳ мондааст. Зеро дар шароити рушди ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ талабот ба мутахассисоне, ки забонҳои русӣ ва англисиро хуб медонанд ва аз ин забонҳо дар муоширати ҳаррӯза самаранок истифода баранд, меафзояд. Бинобар ин, андешидани чораҳои самарабахш барои рушди минбаъдаи шаклу усулҳои таълиму омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ ҳамчун воситаи муҳими муоширати байналмилалӣ ва байни миллатҳо зарур ва саривақтӣ аст.

Ба вазъи омӯзиши забонҳои хориҷӣ баҳои воқеъбинона додани Сарвари давлати мо - омӯзгорони забонҳои хориҷиро водор мекунад, ки ба ин масъала эътибори бештар диҳем. Дар партави ҳидояти Пешвои миллат кӯшиш ба кор мебарем, ки сатҳу сифати таълими забони русӣ ва англисиро ба дараҷаи баландтар бардорем. Барои ин шароити мусоиди таълимӣ, пойгоҳи муқтадири таълимие, ки бо таваҷҷӯҳ ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳам омадаанд, дар муассиса мавҷуданд. Омӯзгоронро мебояд бо азму ғайрати дучанд фаъолият намуда, ҳидоятҳои Пешвои миллатро софдилонаю содиқона ба иҷро расонанд.

Ҳоло зарурат пеш омадааст, ки афкори таълимии олимону адибони гузаштаю имрӯзаи тоҷик бо забономӯзӣ тавъам гардад, зеро тавассути муваффақонаю ҳадафманд анҷом додани ин амал ва дар сатҳи зарурӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ метавонем зарфиятҳо ва иқтидори миллату давлатамонро бештар намоем.

Барои ба амал татбиқ намудани масъалаҳои дар боло зикршуда конференсияи байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои актуалии таълими забонҳои русӣ ва англисӣ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон» бо ибткори омӯзгорони кафедраи забонҳои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, санаи 20.05.2024 баргузор гардид. Омӯзгорони кафедраи забонҳои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлатро сармашқи кори хеш дониста, барои татбиқи он донишҷӯёнро ҷавобгӯ ба талаботи давлатӣ ва рақобатпазир дар бозори меҳнат ба камол расонида истодаанд. Ба ин мақсад дар конфронс масоилҳои зерин мавриди муҳокима қарор гирифтанд:

1. Татбиқи “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” дар донишкадаву донишгоҳҳои ҷумҳурӣ;

2. Омӯзиши адабиёт оид ба забони русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таълимӣ (донишкадаву донишгоҳҳо) – дар рушди умумиинсонпарварӣ;

3. Методология ва методикаи муосири омӯзиши забони русӣ ва англисӣ дар бознигарӣ ва такмили системаи омода намудани кадрҳо барои таълими забони русӣ ва англисӣ;

4. Омӯзиши забонҳои русӣ, хориҷӣ - имконот, пешрафт ва мушкилот;

5. Масоили муҳимияти забонӣ – русию англисӣ дар шароити ҷомеаи иттилоотӣ;

6. Самараи дарсҳои кушод дар таълими забони русӣ ва англисӣ;

7. Омӯзиш ва рушди забони давлатӣ - муҳаррики омӯзиши забонҳои хориҷӣ.

Дар кори конференсияи байналмилалии илмию амалӣ ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон доктори илмҳои техникӣ, профессор Назарзода Хайрулло Холназар, Бурулько Игор Евгеньевич - Первого секретарь, председателя министерства науки и высшего образования России на тему «Русский язык как язык общения между народами» , Мудрова Татьяна Геннадьевна - и.о. руководителя представительства Россотрудничества в Таджикистане, на тему «Роль и задачи Россотрудничества в поддержке и продвижении русского языка в Таджикистане», Зацепена Елена Анатольевна - кандидат филологических наук, зав.кафедрой социальных и гуманитарных дисциплин Борисоглебского филиала ФГБОУ ВО “Воронежский государственный университет” на тему «Использование технологии графической фасилитации как средство визуализации информации при изучении русского языка», Тюрникова Дарья Владимировна, ст. предподователь кафедры социальных и гуманитарных дисциплин Борисоглебского филиала ФГБОУ ВО “Воронежский государственный университет” на тему «Каузативные конструкции как способ выражения причинно-следственных отношений в английском языке», Амриддинова Назира Шамсиддиновна - доктор философии в области филологии, доцент Самаркандского государственного института иностранных языков на тему «Аксиологический аспект антропоцентрических пословиц английского и таджикского языков», Мирзоева Саёхат Рахмоновна – кандидат педагогических наук, доцент кафедры языков Таджикского государственного университета  коммерции на тему «Эффективное использование инновационных технологий на уроках русского языка», Қаҳҳоров Масъуд Маҳмудович - номзади илмҳои филология, дотсент, мудири кафедраи забонҳои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар мавзӯи «Имконот, пешрафт ва мушкилот дар татбиқи таҳлили вазъи таълимии забонҳои хориҷӣ дар асоси “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” бо маърӯзаҳои хеш баромад намуданд.

Дар фарҷоми конференсия докторони илмҳои иқтисодӣ, профессорон Раҷабов Раҷаб Кучакович, Дӯстбоев Шодимурод, Нидоев Нозимҷон Фозилович, Хоҷаев Парвиз Давронович, дотсентон Қурбонов Абдукарим Раҳимович, Машокиров Ҷамшед Неъматуллоевич, Абдулазизова Зебо Саъдуллоевна ва омӯзгорони дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба музокира баромаданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top