СЕМИНАРИ ИЛМӢ - АМАЛӢ

Бинанда: 843 | Санаи нашр: 17 Май 2024
Имрӯз дар толори диссертатсионии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо ибтикори кафедраи фаъолияти бонкӣ семинари илмӣ - амалӣ бо иштироки мутахассисони ҶСК “Алиф Бонк” баргузор гардид.Дар семинари мазкур доираи васеи омӯзгорон ва донишҷӯёни ихтисосҳои фаъолияти бонкӣ, молия ва андоз иштирок намуданд.
Кори семинарро мудири кафедраи фаъолияти бонкӣ н.и.и., дотсент Ҳалимов Л.М. ифтитоҳ намуда, суханро ба Роҳбари Маркази хизматрасонии бонкӣ рақами 2 дар ш.Душанбе Ҷобиров Нусрат дод. Мавсуф оид ба нақш ва мавқеи ҶСК “Алиф Бонк”, амалиёту маҳсулот ва саҳми бонки мазкур дар рушди иқтисодиёти кишвар суханронӣ намуд.
Сипас, Хосият Иноятова корманди шуъбаи кадрҳои бонки мазкур дар бораи самтҳои фаъолияти бонк маърӯзаи пурмуҳтаво намуд.
Дар фарҷоми семинар донишҷӯёни фаъолу аълохон бо тӯҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ гардонида шуданд.
Хулоса, семинари мазкур, ки дар ҳамбастагии кафедраи фаъолияти бонкии ДДТТ ва ҶСК “Алифбонк” гузаронида шуд, барои баланд бардоштани савияи донишҳои амалии донишҷӯёни ихтисосҳои самти бонкдорӣ мусоидат менамояд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top