ЧОРАБИНИИ ФАРХАНГӢ ТАҲТИ УНВОНИ " СУРУДИ ҶАВОНӢ "

Бинанда: 756 | Санаи нашр: 17 Май 2024
Санаи 16 – майи соли 2024 дар боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе ба номи устод Рӯдакӣ чорабинии идонаи фарҳангӣ таҳти унвони "СУРУДИ ҶАВОНӢ" бахшида ба моҳвораи ҷавонон ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон баргузор гардид. 
Дар чорабинӣ муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, донишҷӯёну кормандони донишгоҳ иштирок намуданд.
Дастаи ҳунарии “Тоҷири Аҷам” – и Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо барномаи рангини консертӣ, ки аз савту суруд ва рақсу таронаҳои дилнишин иборат буданд, хотири сокинону меҳмонони пойтахтро шод гардониданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top