СЕМИНАРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ - АМАЛӢ

Бинанда: 679 | Санаи нашр: 13 Май 2024

Рӯзи 13-уми майи соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон семинари ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Рақамикунонии ҷараёни андоз ва андозбандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳҳои такмили он» баргузор гардид, ки дар он омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок варзиданд. Сухани ифтитоҳиро муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ н.и.и., дотсент Машокиров Ҷ.Н. ҳусни оғоз бахшиданд. Баъдан мудири кафедраи андоз ва суғурта н.и.и., дотсент Раҷабов К.Р. дар мавзуи “Нақши ДДТТ дар раванди тайёр намудани мутахассисони соҳаи андоз”, муаллими калони кафедраи андоз ва суғурта Давлатов Э.М. дар мавзуи “Рушди маъмурикунонии андоз дар шароити рақамикунонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Ҳамидова С.Ҳ. дар мавзуи “Развитие и обеспечения налогового аудита в банковской деятельности” ва муовини якум, муовини ректор оид ба таълими ДДТТ Қурбонов А.Р. дар мавзуи “Рақамикунонии ҷараёни маъмурикунонии андоз ва андозбандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”бо маърӯзаҳои худ баромад намуданд.

Дар музокира декани факултети молия ва қарз н.и.и., дотсент Хоҷаев Д.Х. ва д.и.и., профессор Раҷабов Р.К. иштирок намуда, дар бораи нақши ДДТТ дар тайёр намудани мутахассисони соҳаи иқтисод ва андозу андозбандӣ баромад намуданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top