МАҲФИЛИ АДАБИИ “МЕҲРНОМА”

Бинанда: 562 | Санаи нашр: 10 Май 2024

Санаи 10-уми майи соли 2024 тибқи нақшаи чорабиниҳои шуъбаи фарҳанг ва осорхона дар ҳамҷоягӣ бо шуъбаи ҷавонони Раёсати тарбияи донишгоҳ ба хотири боло бурдани сатҳи маърифатнокӣ, ҳувияти миллӣ ва ҷаҳонбинии донишҷӯён дар хобгоҳи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо иштироки шоири ҷавон, номзади илмҳои филологӣ Гуреззода Ҷамшед ва доираи васеи устодону донишҷӯён маҳфили адабӣ доир гардид.

Мудири кафедраи иқтисоди ҷаҳон н.и.и. Ҳомидов А. баромад намуда, оид ба фаъолият, муаллифи китобу мақолаҳои зиёди  илмӣ, таълимӣ, маҷмӯаи шеър будани устод ибрози андеша намуд.

Бобати шеъри Гуреззода Ҷамшед қайд намуд, ки шеъри ӯ шеърест, ки дар ҳар мисрааш чизеро дарёфтан мумкин аст ва имрӯз шеърҳои ватанпарваронаи ӯ дар миёни шоирони ватандору ватансаро меистад.

 

Дар маҳфил шоир намунаҳоро аз шеъру таронаҳои ватандӯстонааш ба донишҷӯён қироат намуд.

Дар фарҷоми сухан Гуреззода Ҷамшед зикр кард, ки баргузории чунин маҳфилҳо аз баракати истиқлол, сулҳу ваҳдати сартосарӣ ва сиёсати хирадмандона ва фарҳангдӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top