ВОХӮРИИ СУДМАНД

Бинанда: 713 | Санаи нашр: 11 Май 2024

Санаи 07 майи соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон вохӯрии судманди намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Сарэксперти судии Раёсати ташхиси (экспертӣ) – криминалистии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон майори милитсия Амирзода Ҳалим Амир ва сардори шуъбаи Раёсати ташхиси (экспертӣ) – криминалистии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон майори милитсия Назаршоев Фируз Юсуфович бо омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид.

Муовини ректор оид ба тарбия Ҳисориева Гулнора вохӯриро оғоз намуда, баъди муаррифӣ намудани меҳмонон ва баён намудани мақсаду аҳамияти вохӯрӣ таъкид карданд,ки дар солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эҳсоси таҳдидҳои афзояндаи экстремизм ва терроризм ба амнияти миллӣ ва рушди босуботи худ бо пайгирӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои минтақа, муборизаро дар ин самт пурзӯр менамояд. Бинобар ин, Раёсати донишгоҳ дар якҷоягӣ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ тасмим гирифтааст, ки силсилавохӯриҳои судмандро ташкил намоем.

Сипас, корманди ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон майори милитсия Амирзода Ҳалим Амир дар баромади худ оид ба дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар санаи 09.03.2024 баён доштанд, суханронӣ намуд. Зимни суханронӣ кормандони мақомот ҷиҳати пешгирии ҳуқуқвайронкунии ҷавонон, муноқишаҳои байни донишҷӯён, мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ ва мустаҳкам намудани ҳамкорию ҳамоҳангсозӣ, мубориза бар зидди зуҳуроти номатулбе, ки имрӯзҳо дар ҷомеа мутаассифона хеле зиёд ба мушоҳида мерасанд, ибрози назар карданд.

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top