МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ

Бинанда: 478 | Санаи нашр: 08 Май 2024

Санаи 8 - уми майи соли 2024 дар толори асосии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 79 – умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузургии Ватании солҳои 1941 – 1945 баргузор гардид.

Зикр гардид, ки дар ин ҷанги хонумонсӯз, ки 1418 шабонарӯз давом кард, ҷони 27 – миллион фарзандони собиқ кишварҳои Иттиҳоди Шуравиро рабуд. Дар ин ҷанг фиристодагони Тоҷикистон, ки 300 ҳазор нафарро ташкил медоданд шуҷоату қаҳрамонӣ нишон дода 54 - нафари онҳо бо унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз гардонида шуд. Инчунин 58 ҳазор нафарашон дар амалиётҳои ҷангӣ мардонагию шуҷоат нишон дода, сазовори ордену медалҳои давлатӣ гардиданд. 92 ҳазор фарзандони шуҷои Тоҷикистон дар майдони ҷанг ҷони худро аз даст доданд.

Дар фарҷом барномаи фарҳангии омоданамудаи дастаи ҳунарии “Тоҷири аҷам” - и Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон рӯҳу табъи аҳли толорро хушу болида гардонида, анҷомбахши ҷамъомади имрӯза гардид.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top