ШОДБОШӢ!

Бинанда: 280 | Санаи нашр: 26 Апрел 2024

Боиси хурсандист, ки дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон сафи олимони ҷавони дараҷаи илмидошта рӯ ба афзоиш аст. Бо қарори КОА назди Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия Холаҳмади Сайалӣ сазовори дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ гардид.

Раёсати донишгоҳ, ҳайати профессорону омӯзгорон, докторантон ва кормандони донишгоҳ Холаҳмади Сайалиро барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ табрику муборакбод намуда, ба ӯ саломатӣ, хушбахтӣ ва дар фатҳи қуллаҳои нав ба нави илмиву эҷодӣ комёбӣ таманно менамоянд!

Раёсати илм ва инноватсия!

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top