Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Бинанда: 353 | Санаи нашр: 18 Апрел 2024

Рӯзҳои 15 – 16 – уми апрели соли 2024 дар шаҳри Тошканд форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар мавзӯи “Соли 2030: Афзалиятҳои рушди таҳсилоти олӣ ва илм дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки намояндагони 17 донишгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 28 донишгоҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид.

Дар форуми мазкур ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Назарзода Хайрулло Холназар иштирок намуд.

Дар доираи ин форум байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ду кишвар як қатор шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд. Аз ҷумла, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо 4 донишгоҳи зерини кишвари ҳамсоя шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид:

  • Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов;
  • Донишгоҳи давлатии Бухоро;
  • Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва мероси фарҳангӣ “Роҳи абрешим”;
  • Донишгоҳи миллии таҳқиқотӣ “Донишкадаи муҳандисони ирригатсия ва механизатсияи хоҷагии қишлоқ”.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top