ОҒОЗИ "ҲАФТАИ ИЛМ" ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН

Бинанда: 671 | Санаи нашр: 15 Апрел 2024

Ҳамасола дар кишвари азизамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол якшанбеи сеюми моҳи апрел ҳамчун Рӯзи илми тоҷик таҷлил мешавад. Раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон низ бо мақсади дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани Рӯзи илми тоҷик рӯзҳои 15-20 апрелро ҳамчун “Ҳафтаи илм” эълон намуд.

Дар доираи ҳафтаи илм баргузории конференсияи илмию назариявии ҳайати илмию омӯзгорӣ ва донишҷӯёни донишгоҳ, озмуну маҳфилҳо ва чорабиниҳои гуногуни илмӣ ба нақша гирифта шудаанд, ки амали мегарданд.

Имрӯз (15.04.2024) ҷаласаи пленарии конференсияи илмию назариявии ҳайати илмию омӯзгорӣ ва донишҷӯён дар доираи ҳафтаи илм баргузор гардид.

Ҷаласаро муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ Ҷамшед Машокиров ҳусни оғоз бахшида, нақши илмро дар рушди иқтисоди миллӣ ва шукуфоии кишвари азизамон барҷаста арзёбӣ намуда, бо камоли эҳтиром суханро ба муовини якум, муовини ректор оид ба таълим н.и.и., дотсент Қурбонов Абдукарим Раҳимович во гузошт.  Қурбонов А.Р. ҳозиринро бо кушодашавии “Ҳафтаи илм” табрику таҳният гуфта, нақш ва саҳми бузурги Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бавуҷудории шароити мусоид барои рушди илми ватанӣ ва пешрафти корҳои илмию таҳқиқотӣ назаррас арзёбӣ намуда таъкид намуд, ки дар Донишгоҳ соли 2023, 601 маводҳои илмии омӯзгорон аз чоп баромадааст, ки аз онҳо 20 адад монография; 153 адад мақолаҳо дар маҷаллаҳои КОА Ҷумҳурии Тоҷикистон; 233 адад фишурдаи мақолаҳо дар конференсияҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, 195 адад мақолаҳоро дар дигар маҷаллаҳо ташкил медиҳанд, ки натиҷаи намоён ба ҳисоб меравад. Боиси хурсандӣ аст, ки дар семоҳаи аввали соли 2024 аз ҳисоби омӯзгорони ҷавони донишгоҳ 4 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя намуданд ва 4 нафари дигар бо Қарори КОА ҶТ дараҷаи номзади илмҳои иқтисодиро соҳиб гардиданд. Ҳоло дар донишгоҳ 26 маҳфилҳои илмӣ ва 3 ҷамъияти илмии донишҷӯён фаъолият менамояд, ки зиёда аз 500 нафар донишҷӯро фаро гирифтааст.

Тибқи барномаи “Ҳафтаи илм”, ки аз 13 бахшҳо иборат аст, 170 мақолаи омӯзгорон ва олимон ва 268 маърӯзаи донишҷӯён ба нақша гирифта шудааст, ки дар умум 438 маърузаро дарбар мегирад.

Ҳамчунин дар идомаи суханронӣ таъкид доштанд, ки имрӯзҳо дар 13 кафедраи амалкунандаи донишгоҳ аз рӯйи 5 самт, 20 мавзуъ ва 382 зермавзуъ омӯзгорон ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғул буда, ҳамасола ба табъу нашр, таҳияи рисолаву монография ва китобҳои таълимию методӣ машғул мебошанд, ки миқдори интишороти омӯзгорони донишгоҳ  дар китобхонаи илмии электронии elibrary.ru 2006 адад, миқдори интишорот дар Индекси иқтибосҳои илмии Россия (РИНЦ) 1584 ададро ташкил дода, шохиси Хирши донишгоҳ аз рӯйи ҳамаи интишорот дар elibrary.ru 13 холро ташкил медиҳад, ки ин дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷойи 6 қарор дорад ва ин гувоҳ аз он аст, ки раванди корҳои илмӣ дуруст ба роҳ монда шудааст. Ин нишондод яке аз меъёрҳои асосии баҳодиҳии фаъолияти илмӣ буда, ҳангоми баҳодиҳии самаранокии фаъолияти илмии муассисисаҳои олии касбӣ ба назар гирифта мешавад. Алҳол 97 нафар омӯзгори донишгоҳ ва натиҷаи интишоротии онҳо дар китобхонаи илмии электронии elibrary.ru ба қайд гирифта шудааст.

Сипас Алиев Фарух Шарифович н.и.ҳ., дотсент,  мудири кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионии ДДТТ, дар мавзуи «Нақши маърифати ҳуқуқӣ дар таҳкими давлати ҳуқуқбунёди миллӣ», Тӯлиев Муҳаммадулло Сарварқулович н.и.и., муовини декан оид ба илми факултети иқтисодиёт ва тиҷорат,  дар мавзуи «Масоили мубрами ташаккули иқтисодиёти рақамӣ ва иқтисодиёти сабз», Турахонова Фарахнӯш Шарифҷоновна-донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси 250111 – аудит ва ривизия дар мавзуи “Татбиқи хизматрасониҳои электронӣ - асоси ташакули иқтисодёти рақамӣ” маърӯзаҳои пурмазмун карда, андешаҳояшонро доир ба мавзуъҳои матраҳгардида баён намуданд.

            Дар идомаи конференсия сардори раёсати илм ва инноватсия Султонов Зоиршо иштирокчиёнро бо тартиби гузаронидани конференсия дар бахшҳо  шинос намуд. Конференсия дар бахшҳо аз рӯзи 15.04.2024 то 20.04.2024 бо шунидани беш аз 600 мақолаи ҳайати олимон, устодону донишҷӯён идома меёбад.

Дар анҷоми ҷаласа ба омӯзгори кафедраи андоз ва суғуртаи Тураева Муқаддам Турабойевна ва омӯзгори кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ Буриев Беҳрузжон Маҳмадалиевич, ки рисолаҳои илмиашонро бомуваффақият ҳимоя намуда, сазовори дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ гардида буданд, ба миқдори чор ҳазор сомонӣ (ба ҳар яки онҳо) маблағи пулӣ тақдим гардид.

Сипас, декани факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, ҳуқуқ ва гумрук Рустамов Фитрат Музафарович ва номзадаи илмҳои иқтисодӣ дотсенти кафедраи фаъолияти гумрукӣ Буризода Лоиқшо барои фаъолияти пурсамар дар соҳаи илму маорифи кишвар саҳми назаррас доштан дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ва иштироки фаъолонааш дар ҳаёти ҷаъмиятии донишгоҳ бахшида ба соли “Маърифати ҳуқуқӣ” бо Ифтихорнома сарфароз гардонида шуда, ба ғолибони даври якум – даври донишгоҳии Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат”  дипломҳо супорида шуданд.

 

 Раёсати илм ва инноватсия

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top