ТОҶИКОНА ЛИБОС МЕПӮШЕМ

Бинанда: 486 | Санаи нашр: 20 Март 2024

Аз 1 март то 30 май иқдоми «Тоҷикона мепӯшем» дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, мақомоти маҳаллӣ, вазорату идораҳо, донишгоҳу донишкадаҳо ва омузгорону кормандони муассисаҳо ба роҳ монда мешавад, ки ин нишона аз тамаддунофариву фарҳанги бой доштани миллати тоҷик мебошад. Ҳар миллату халқият дорои либосҳои миллӣ буда, ба фарҳанги волои ниёгони хеш арҷ мегузорад. Дар ин иқдоми пешгирифта Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон низ муаррифгари либосҳои миллии тоҷикона мебошад. Либоспӯшии тоҷикон, ки таърихи қадимӣ дошта, ҷузъи таркибии фарҳанги миллӣ маҳсуб мешавад, бозгӯ аз завқи зебоипарастии мардуми покнажоди тоҷик аст. Ба бар намудани либоси тавсиявӣ-миллӣ барои ҳар шаҳрванд ба хотири имрӯзу фардои миллат муҳим ва масъулият аст. Зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси халқу миллат ба шумор мерафт. Яке аз нишонаҳои асосӣ ва хосаву муаррифгари фарҳангу тамаддуни миллатҳои дунё либоси миллии онҳост ва вақте сухан аз ин хусус меравад, ҳатман пеши назар симои занон бо сару либоси миллӣ - атласу адраси Суғд, гулбасту чакани Хатлон, гулдӯзиҳои нотакрори минтақаи Рашт, алочаву шоҳии водии Ҳисор, рангҳои пурҷилои куртаву тоқӣ ва ҷӯробҳои Бадахшон меояд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top