СЕМИНАР – МАШВАРАТ

Бинанда: 202 | Санаи нашр: 13 Март 2024

Рӯзи 13 – уми марти соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо ташаббуси Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – мақоми ваколатдор дар соҳаи назорати давлатӣ оид ба риоя ва иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” ва иштироки доираи васеи донишҷӯён, омӯзгорон ва муҳаққиқон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон семинар - машварат баргузор гардид. ки дар он кормандони Раёсати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавии Хадамоти мазкур Раҳимов Мирзораҳим, Ҳакими Амонулло, Давлатов Доробшо, Беҳрўзи Қурбоналӣ ва Нозимзода Меҳроҷиддин иштирок намуданд.

Семинар – машваратро муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Ҷамшед Машокиров ҳусни оғоз бахшида, иштирокчиёни ҷамъомадро хайра мақдам гуфта қайд намуд, ки дар асоси Резолютсияи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид аз 9 - уми апрели соли 1985 “Асосҳои роҳбарӣ барои ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” ва қарори ҷаласаи нахустини Шурои машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони давлатҳои иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 25 – уми ноябри соли 2011, ҳамасола санаи 15 – уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истемолкунандагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Сипас, намояндаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Доробшо Давлатов дар мавзуи “15 март - Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” ва сармутахассиси Раёсати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавии Хадамоти мазкур Мирзораҳим Раҳимов дар мавзуи “Ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.

Дар фарҷом Ҷамшед Машокиров ба намояндагони Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштирокчиёни семинар изҳори миннатдорӣ намуд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top