ДАСТОВАРДИ ДДТТ ДАР СОҲАИ КОР БО ҶАВОНОН

Бинанда: 281 | Санаи нашр: 07 Феврал 2024

Санаи 6 феврали соли 2024 бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори "Кохи Суруш” маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2023 аз рӯйи 5 номинатсия баргузор гардид.

Дар қисмати расмии чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо ва раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор иштирок ва суханронӣ намуда, сипас ба ғолибон ҷоизаҳоро супориданд.

Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур қадршиносии хизматҳои шоиста ва ҷавонмардии ҷавонон дар назди ҷомеа ва давлат, ҷасорату фидокорӣ дар вазъияти ҷангӣ, ҳолатҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллату давлат ва адои қарзи ҳарбӣ, хизматию шаҳрвандӣ барои дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, тарбияи ватандустӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон мебошад.

Боиси ифтихор аст, ки шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон барои фаъолияти назарраси меҳнатӣ ва ҳамкорӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар номинатсияи “Беҳтарин сохтори соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2023” бо дипломи  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ карда шуд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top