Мизи мудаввар дар мавзуи “Пешвои миллат ва эҳёи ҷашни Сада”

Бинанда: 246 | Санаи нашр: 06 Феврал 2024

Сада, ки аслан ҷашни деҳқонону кишоварзон мебошад, дар байни тоҷикон бо хусусиятҳои мардумиаш маҳбубияти хосса касб кардааст. Маҳз дар ҳамин айём марди деҳқон омодагиро ба фасли баҳор оғоз менамояд, аз пайи таъмиру тайёр намудани таҷҳизоти кишоварзӣ мешавад, нақшаи бунёди боғу токзор ва дигар корҳои баҳориро тарҳрезӣ мекунад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон


Бахшида ба ҷашни Сада санаи 05.02.2024 бо ташаббуси факултети иқтисодиёт ва тиҷорат мизи мудаввар дар мавзуи, “Пешвои миллат ва эҳёи ҷашни Сада баргузор гардид.
Чорабинӣ бо сухании ифтитоҳии декани факултет н.и.и., дотсент Мухторзода С.С., ҳусни оғоз гардида қайд гардид, ки ҷашни Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мардумони ориётабор ба шумор мерафта, моҳияти он пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо ва некӣ бар бадӣ ташкил дода, мардум онро бо афрӯхтани гулханҳои бузург таҷлил мекарданд.
Сада, ки аслан ҷашни деҳқонону кишоварзон мебошад, дар байни тоҷикон бо хусусиятҳои мардумиаш маҳбубияти хосса касб кардааст. Маҳз дар ҳамин айём марди деҳқон омодагиро ба фасли баҳор оғоз менамояд, аз пайи таъмиру тайёр намудани таҷҳизоти кишоварзӣ мешавад, нақшаи бунёди боғу токзор ва дигар корҳои баҳориро тарҳрезӣ мекунад.
Сипас н.и.ф., дотсенти кафедраи забонҳо Насриддиниён Б.Ҳ. дар мавзўӣ Сада муждаи Наврӯз, Муаллими калони кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит Муродова М.И., дар мавзуи Ҷашни сада ҷашни мулки номдор аст, дотсенти кафедраи математикаи оли ва фанҳои табиатшиносӣ Мақсадов Ҳ. Дар мазӯи сайри таърихи ҷашни Сада ва донишҷӯи курси 2, ихтисоси 250111 Турахонова Фараҳнуш дар мавзуи Ҷашни Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мардумони ориётабор маърузаҳо намуданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top