ТАЪСИСИ ФИЛИАЛИ КАФЕДРА ДАР ИСТЕҲСОЛОТ

Бинанда: 266 | Санаи нашр: 06 Феврал 2024

Санаи 06.02.2024 байни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон шартномаи ҳамкорӣ доир ба таъсиси филиали кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ дар истеҳсолот ба имзо расонида шуд.

Тибқи шартнома минбаъд омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ имкон доранд, ки дарсҳои амалӣ, таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва пешаздипломиашонро дар филиали кафедра гузаронанд. Инчунин, тарафҳо метавонанд конференсияҳо, мизҳои мудаввар ва семинарҳои муштаракро барои соҳибкорони ватанию хориҷӣ доир намоянд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top