Сада омад, ки туро мужда диҳад аз Наврӯз!

Бинанда: 310 | Санаи нашр: 02 Феврал 2024

2-уми январи соли 2024 дар курси якуми факултети молия ва қарз ба муносибати ҷашни бостонии ниёгон-Сада дарси кушоди тарбиявӣ  дар мавзуи “Сада омад, ки туро мужда диҳад аз Наврӯз!” доир карда шуд, ки дар он сарпараст Ясакиева Сабрина ҳозиринро барои иштирокашон дар ин ҷорабинӣ хайраммақдам гуфт.

Сипас мудири шуъбаи фарҳанг ва осорхона Ҷамила Ғафурова баромад намуда зикр кард, ки эҳёи Сада ва таҷлили бошаҳомати он дар саросари кишвар гувоҳи арҷгузорӣ ба мероси ниёгон, тақвияти худшиносиву худогоҳӣ маънидод карда мешавад. Аз ин ҷост, ки дар баробари машғулиятҳои ҳамарӯзаи барномавӣ, инчнуин чорабиниҳои тарбиявию фарҳангӣ ва маърифатӣ низ дар донишгоҳ ташкил мегардад, ки делили ин гуфтаҳо имрӯзҳо истиқболи ҷашни Сада мебошад.

Дар доираи нақша-чорабиниҳои раёсати корҳои тарбиявӣ ҷашнгирии Сада дар донишгоҳ барои муаррифии шоистаи ин ҷашн ба ҷавонон ва баланд бардоштани сатҳи худогоҳии донишҷӯён мусоидати фаъол менамояд.

Устоди калони кафедраи  менеҷмент А. Ҳакимов ва Ҳ. Одинаев низ баромад намуда, оид ба ойину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангӣ махсусан, ҷашнҳои Сада, Меҳргону Тиргон ва рушди дубора пайдо намудани онҳо суханронӣ карданд.

Дар фарҷоми дарс донишҷӯёни гурӯҳ дар васфи ҷашни Сада шеърҳо қироат намуданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top