Вохӯрӣ бо намояндаи Маркази наркологии шаҳри Душанбе

Бинанда: 260 | Санаи нашр: 02 Феврал 2024

Санаи 02 феврали соли 2024 дар толори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон вохӯрии намояндаи Маркази наркологии шаҳри Душанбе Саъдулло Исматуллоев ва кормандони МСШ №4 мудири шуъбаи тарзи ҳаёти солими Беҳруз Хушвахтов ва   табиби бемориҳои сироятӣ Ҳакима Саидова бо омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид. Дар вохӯрӣ ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим, хатари истеъмоли маводҳои нашъаовар ва тамоку, пешгирии бемориҳои сироятӣ аз қабили гепатит, ВМНО (ВИЧ СПИД), бемориҳои деабети қанд, фарбеҳшавӣ, манфиати истеъмоли хурокҳои пархезӣ ва ҷалби ҷавонон ба варзиш аз ҷониби мутахассисон ба аҳли толор фаҳмонида шуд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top