БАРГУЗОРИИ ШУРОИ ЗАНОН ВА ДОНИШҶӮДУХТАРОН

Бинанда: 204 | Санаи нашр: 31 Январ 2024

Санаи 30.01.2024 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон тибқи нақшаи корӣ Шурои занон ва донишҷӯдухтарон баргузор гардид. Дар Шуро муовини ректор оид ба тарбия, Раиси занон ва донишҷӯдухтарони донишгоҳ Ҳисориева Г.Т. оид ба шарҳу баррасии Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд.

Дар кори ҷаласа масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла баррасии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.05.2015, №25-2\233 ҷиҳати пешгирии паёмадҳои нохуши никоҳи хешутаборӣ, баррасии Қонуни Ҷумҳурии Точикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" аз ҷониби сардухтури донишгоҳ Мусоев М. ва мутахассиси Раёсати корҳои тарбиявӣ Қурбонова С.А. маълумот пешниҳод карда шуд. Инчунин, раиси занон ва донишҷӯдухтарони факултети молия ва қарз Марупова Н. оид ба вазъи фаъолияти Шурои занон ва донишҷӯдухтарони факултет, мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо маълумот дод.

Дар масъалаҳои ҷорӣ ҷиҳати риояи Дастурамали либосҳои тавсиявӣ миёни омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён, ҳарчи бештар ҷалб намудани бонувон ба варзиш ва ташкил намудани семинарҳо оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон масъалагузорӣ карда шуд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top