ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Бинанда: 192 | Санаи нашр: 30 Январ 2024
29-уми январи соли 2024 дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Тоҷири Аҷам”-и Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Абдураҳим Шоҳиён – Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, Маҳмадраҳимзода Фазлиддин – мудири шуъбаи рушди робита бо ҷомеаи МИҲД-и ноҳияи Фирдавсӣ, роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Тоҷири Аҷам” ва сокинони ноҳияи Фирдавсӣ вохӯрӣ доир гардид.
Ҷамъомадро муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Ҷамшед Машокиров ифтитоҳ намуда, меҳмонон ва ҳозиринро хайра мақдам гуфта, суханро ба Абдураҳим Шоҳиён вогузошт.
Сипас, А. Шоҳиён оид ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуда, қайд кард, ки соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд.
Қайд гардид, ки қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд.
Роҳбарияти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ иброз дошт, ки бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.
Инчунин, дар вохӯрии мазкур дигар иштирокдорон низ вобаста ба ободу зебо гардонидани Ватани азизамон бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҷавонон ба хизмати Модар - Ватан, дар бораи ҳисси Ватандӯстии ҷавонон, эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва моҳияти он, инчунин дигар нуқтаҳои Паём суханронӣ намуданд.
  
  
 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top