ТАЪСИСИ ШУРОИ ДИССЕРТАТСИОНИИ НАВ ДАР ЗАМИНАИ ДДТТ

Бинанда: 340 | Санаи нашр: 27 Декабр 2023

Дар заминаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон барои дарёфти дараҷаҳои илми номзадӣ ва докторӣ аз рӯи ихтисоси 5.2.3- Иқтисоди минтақавӣ ва соҳавӣ (иқтисоди хизматрасонӣ) бо фармоиши Комиссияи Олии Аттестатсионии назди Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федеретсияи Россия аз 18 июли соли 2023, №1545/нк таъсис ёфт.

Дар маросими муаррифӣ ва ҷаласаи нахустини Шуро, ректори донишгоҳ, доктори илмҳои техникӣ, профессор Назарзода Хайрулло Холназар зимни сухани ифтитоҳӣ изҳор дошт, ки таъсиси Шурои муштараки диссертатсионии 99.2.129.03 барои дарёфти дараҷаи илмии номзадӣ ва докторӣ, дар заминаи се Муассисаи таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  яке аз дастоварди Донишгоҳ дар соли 2023 маҳсуб ёфта, аз сиёсати созандаи маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.

Ректори донишгоҳ дар идомаи сухани хеш изҳор дошт, ки аспирантон, унвонҷӯён, муҳаққиқон ва докторантон метавонанд минбаъд бидуни ягон маҳдудият дар Шуро аз рӯйи самти мазкур рисолаҳои докторӣ ва рисолаҳои номзадӣ дифоъ намоянд.

Хайрулло Холназар бо қаноатмандӣ аз фаъолияти Шурои қаблии муштараки диссертатсионӣ дар соҳаи илми иқтисодиёт ёдовар шуда, афзуд, ки танҳо давоми солҳои охир дар умум 234 нафар рисолаҳои номзадиву докторӣ ҳимоя намуданд.

Номбурда кулли ҳозиринро ба ин дастоварди илмӣ шодбош гуфта, аз аъзоёни Шурои диссертатсионӣ, ки 16 нафар олими варзидаи самти иқтисодиётро дар бар мегирад, даъват ба амал овард, ки ба мазмуну сифати омода кардани рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ, инчунин таҳқиқи мавзуъҳои рӯзмарраи барои ояндаи давлату миллати тоҷик манфиатбахш таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.

Раёсати илм ва инноватсия!

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top