Санаи 21 декабри соли 2023 дар хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон маҳфили "Кадбону" барои донишҷӯдухтароне, ки дар хобгоҳ истиқомат мекунанд, гузаронида шуд. Дар маҳфил раисони шурои занону духтарони факултетҳои донишгоҳ, мутахассиси кор бо занону донишҷӯдухтарони раёсати корҳои тарбивиро донишгоҳ ва мутасаддиёни хобгоҳ ба духтарон тарзи омода намудани хурокҳои миллӣ, аз қабили фатири варақӣ, қурутоб, хуришҳои мавсимӣ ва оро додани дастархонро омӯзониданд.