НАМОИШИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ бахшида ба таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бинанда: 561 | Санаи нашр: 14 Ноябр 2023

14 ноябри соли 2023 мувофиқи нақшаи чорабиниҳои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бахшида ба таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-солагии Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳни донишгоҳ презентатсияи асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

 

Мазмуну муҳтавои асарҳои Пешвои миллат хотирнишон аз он мекунанд, ки ҳар насл ва ҳар фарди алоҳида занҷирае дар таърихи башарият аст, ки тавассути мавҷудияти хеш гузаштаро бо оянда мепайвандад. Асарҳои Пешвои миллат танҳо ба хотири донистани гузашта набуда, балки дурнамоест, ки роҳи ояндаи давлат ва пешомадҳои давлатдориро равшан намуда, барои тақвияти ватанпарастиву кишвардорӣ, ваҳдату ягонагии миллӣ, худогоҳии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии наслҳои оянда равона гардидааст. Илова бар ин, асарҳои Пешвои миллат дар раванди устувор намудани рукнҳои давлатдории тоҷикон дар шароити навин муҳим мебошанд. Пешвои миллат бо мақсади баҳо додан ва огоҳ намудани насли наврас ба гузаштаи худ ба навиштани як зумра асарҳои таърихӣ даст задаанд, ки онҳо арзиши баланди таърихӣ дошта, саҳифаи навро дар илми тоҷик кушодааст.

 

Асарҳои Пешвои миллат инъикосгари таърихи гузаштаву имрӯз ва махсусан дастовардҳои замони истиқлол буда, мутолиаи онҳо барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва таҳкими ваҳдату ягонагии миллии тоҷик аҳамияти хос дорад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top