31 СОЛИ ИҶЛОСИЯИ ТАЪРИХИИ ТАҚДИРСОЗ

Бинанда: 470 | Санаи нашр: 09 Ноябр 2023

Рӯзи 9-юми ноябри соли 2023 дар толори хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 31- солагии Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид.

Ҷамъомадро сардори раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ Авғонов С.М. ифтитоҳ карда, бо як ҷаҳон таманниёти бепоён ин ҷашни фархунда, яъне 31-умин солгарди рўзи баргузории Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳозирин табрик намуда, барояшон саломатии бардавом, саодату хушбахтиҳои рӯзгорро таманно намуд.

Сипас, дотсенти кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионӣ, н.и.ҳ. Ҷабборов Ф.Н. вобаста ба таърихи Иҷлосияи тақдирсози ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки Тоҷикистони соҳибистиқлолро аз вартаи ҳалокат ва нобудӣ наҷот дод, суханронӣ намуд.

Ғафурова Ҷ.М. - мудири шуъбаи фарҳанг ва осорхонаи донишгоҳ зимни баромадаш ёдовар намуд, ки дар чунин шароит қабули рамзҳои давлатӣ – Нишон ва Парчами миллӣ ва дар айни замон муайян кардани самтҳои минбаъдаи пешрафти кишвар ба сӯйи ҷомеае, ки ҷавобгӯйи манфиатҳои тамоми мардум ва мутобиқ ба меъёрҳои ҷомеаи муосири мутамаддин бошад, аз ҷумлаи масъалаҳои умдатарини кори Иҷлосия буд.

Дар фарҷоми чорабинӣ  як гурӯҳ донишҷӯён  муҳаббату самимият, садоқат ва ҳифзи арзишҳои миллии ба Тоҷикистони азиз доштаашонро бо қироати порчаҳои шеърӣ  баён намуданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top