Даъват ба назарсанҷӣ - Назарсанҷии донишҷӯён

Бинанда: 397 | Санаи нашр: 04 Ноябр 2023

Раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки бо мақсади муайян намудани дараҷаи қаноатмандии донишҷӯёни курсҳои дуюм ва сеюм аз раванди таҳсилот дар донишгоҳ назарсанҷӣ гузаронад.

Назарсанҷӣ пӯшида буда, натиҷаҳои он барои андешидани тадбирҳо ҷиҳати беҳтар намудани шароит ва баланд бардоштани сифати таҳсилот истифода хоҳад шуд.

Аз Шумо хоҳиш менамоем, ки ба саволҳои пешниҳодшуда ҷавоби холисона диҳед ва бо ин роҳ дар амалӣ намудани сиёсати раёсати донишгоҳ дар самти таъмини сифат саҳмгузор бошед.

Барои гузаштани назарсанҷӣ пайвандро пахш намоед.

Ҳангоми ворид шудан ба саҳифаи http://alfa.tguk.tj/site/index дар қисмати НОВОСТИ пайвандӣ назарсанҷи оварда шудааст.

 

Қаблан ташаккур!

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top