КОНСТИТУТСИЯ – БАХТНОМАИ МИЛЛАТ

Бинанда: 556 | Санаи нашр: 03 Ноябр 2023

Рӯзи 3-юми ноябри соли 2023 дар толори асосии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба  муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ таҳти унвони “ Конститутсия - бахтномаи миллат” баргузор гардид.

Ҷамъомадро муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Қурбонов А.Р.  ифтитоҳ карда, бо як ҷаҳон таманниёти бепоён ин ҷашни фархунда, яъне 29-умин солгарди рўзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳозирин табрик намуда, барояшон саломатии бардавом, саодату хушбахтиҳои рӯзгорро таманно намуд.

Сипас, мудири кафедраи ҳуқуқи тиҷорат ва зиддикоруппсионӣ, н.и.ҳ. Алиев Ф. вобаста ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияти он дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ баромад намуда, қайд кард, ки  Истиқлолияти бадастомада зарурати қабули Конститутсияи давлати муосирро ба миён гузошта бошад, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бунёди давлати соҳибистиқлол заминаи устувор фароҳам овард ва дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва аркони давлатдорӣ нақши муҳим бозид.

Дар қисмати тантанавӣ муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Қурбонов А.Р  ба С.Зубайдов дотсенти кафедраи математика ва системаҳои иттилоотӣ дипломи доктори илмҳои иқтисодии Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи  Россияро супорид.

Дар фарҷоми чорабинӣ  ҳунарнамоии дастаи “Тоҷири Аҷам”-и донишгоҳ бо дастагули мусиқӣ баромад намуда, ба чорабинӣ ҳусну шаҳомати хосса зам намуд.

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top