Семинари байналмилалии илмӣ-амалӣ

Бинанда: 507 | Санаи нашр: 25 Октябр 2023

Семинари байналмилалии илмӣ-амалӣ

24 – уми октябри соли 2023 дар донишгоҳ зери унвони “Масъалаҳои актуалии такмили суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ” семинари байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид, ки дар он сардори Идораи суғуртавии Бонки милии Тоҷикистон Ҳусейнова Д.К., Директори суғуртаи ҳаёти ширкати Bima & Life  Недзелюк А.В., омӯзгорони донишгоҳ профессор Раҷабов Р.К. ва дотсент Раҷабов К.Р., инчунин кормандони ташкилоту ширкатҳои суғуртавии мамлакат ва олимони соҳа иштирок намуданд.

Семинари байналмилалии илмӣ-амалиро муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим дотсент Қурбонов Абдукарим Раҳимович бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, аз ҷумла зикр кард, ки дар асоси қарори Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 9 – уми ноябри соли 2020 ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мақоми ташкилоти заминавии иштирокдорони ИДМ оид ба омодакунӣ, бозомӯзии касбӣ ва такмили касбии кадрҳо дар соҳаи суғурта дода шудааст.

Сардори Идораи назорати суғуртавӣ Ҳусейнова Дилбар Каримовна дар мавзӯи “Рушди бозори суғуртаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Директори суғуртаи ҳаёти Bima & Life  Недзелюк Александр Владимирович дар мавзӯи “Дурнамои рушди суғуртаи ҳаёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, профессор Раҷабов Раҷаб Кучакович дар мавзӯи “Нақши суғурта дар рушди ИНКОТЕРМС” ва и.в., мудири кафедраи андоз ва суғурта дотсент Раҷабов Комрон Раҷабович дар мавзӯи “Инкишофи суғуртаи воситаҳои нақлиёт дар Чумхурии Точикистон” бо маърӯзаҳои пурмазмун суханронӣ карданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ Қурбонов Абдукарим Раҳимович ба нотиқон барои маърӯзаҳои пурмуҳтаво арзи сипос карданд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top